734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


“Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст!”

Таҳти ин унвон имрӯз як гурӯҳ волонтёрони маҳфили”Пайравони Пешвои миллат” дар назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон, аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, кормандони маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар масъулон дар кӯчаву бозорҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғу гулгаштҳо аксияи иттилоотӣ доир намуданд. Дар аксияи мазкур миёни сокинон таъкид карда шуд, ки  пешгирии асосии бемории сироятии  коронавирус риояи гигиенаи шахси, истифодаи ҳатмии ниқоби муҳофизатӣ, безарурад набаромадан аз хона мебошад, аз ин рӯ қоидаҳои зеринро ба таври қатъи риоя намоед. Ба сокинон оид ба моҳияти пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус тавсияву маслиҳатҳои муфид дода шуд. Ҳамчунин ба сокинону […]

06.08.2020 Нет комментариев Читать далее>

Тартиби омодагӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба тасвиб расид

17 августи соли равон  дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Рӯзи дониш (Дарси сулҳ, Дарси аввал) гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат  дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба хонандагон фаҳмонида  мешавад. Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  барои  омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 дар синфхонаҳо, толори маҷлисгоҳ ва хонаи омӯзгорон бо тадбирҳои безараргардонӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар робита аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи «Тартиби омодагӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва […]

06.08.2020 Нет комментариев Читать далее>

ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ВАРЗИШ ОММАВӢ МЕГАРДАД

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода имрӯз ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш диққати ҳамаҷониба равона шуда, варзиш ба шуғли дўстдоштаи ҷавонону наврасон табдил ёфтааст. Агар ба нишондиҳандаҳои оморӣ назар афканем, собит мегардад, ки бо риояи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб дар давраи пандемияи коронавирус танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон дар шаҳр 41 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 6171 нафар (аз онҳо 114 нафар бонувон), 8 вохўриву мулоқот бо иштироки 680 нафар баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятњои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, 2 маротиба санҷиш дар иншоотҳо ва сексяҳои варзишии шаҳр оид ба ҳуҷчатнигорӣ, ҳолати санитарӣ, ба талабот ҷавобгў будани ашёҳои […]

06.08.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони даври чоруми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон муайян гардиданд

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои  даври чоруми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки 5 август дар сатҳи баланд  доир гардиданд, пешсафони мусобиқа дастаҳои  футзали «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд  рақибонашонро бо ҳисоби калон мағлуб намуданд. Дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  дар майдони худ бар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 12:0 ғолиб омад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Дар ҳайати дастаи ғолиб Умед Қузиев чор гол ва Муҳаммад Раҷабов се гол ба нишон расониданд. Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 13:5 пирӯз шуд. Собирҷон Гулаков аз дастаи меҳмон панҷ […]

06.08.2020 Нет комментариев Читать далее>

Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020  таъин карда шавад. Чунин омадааст дар қарори якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз  зимни ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум  қабул гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар»  гузориш медиҳад,  ба рӯзномаи  ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масъалаҳои зерин: 1) Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод намудани Олимзода Н.Х.»; «Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи […]

06.08.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 3 4 5 6 7 243