734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Дар соли 2019 бо фарогирии 805675 нафар 3773 маротиба машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир гардид

Машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, ки бо мақсади оммавияти варзиш, рушди тарбяи ҷисмонӣ ва инкишофи навъҳои гуногуни варзиш миёни насли ҷавони кишвар ва тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти соли миёни аҳолӣ аз соли 2015 инҷониб дар қаламрави кишвар доир мегарданд, дар соли 2019 аз ҷониби ҷавонону варзишгарон ва сокинони кишвар 3773 маротиба машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир карда шудааст. Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, толорҳои фарҳагӣ ва маҷмааҳои варзишӣ дар соли 2019 роҳандозӣ карда шудааст, зиёда аз 805675 нафар варзишгарону устодони варзиш ва сокинони маҳаллӣ иштирок намудаанд. Аз ин шумора 232641 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳад. Ҳаминтариқ, дар шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ 975 маротиба доир карда шуда, дар он 435308 […]

21.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

42 нафар варзишгарони беҳтарини сол барандаи Ҷоизаи Президентӣ шуданд

19 декабри соли 2019, № АП – 1320 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ барои варзишгарони муваффақи кишвар ва мураббиёни онҳо дар соли 2019 ба тасвиб расид. Дар асоси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2019 аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 42 нафар варзишгарони муваффақи кишвар ва мураббиёни онҳо бо маблағи 911 250 сомони маблағи молиявӣ ҷудо карда шудааст. Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои варзишгарони муваффақи кишвар аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасманд намудани варзишгарону мураббиёни онҳо тақдим карда мешавад.

20.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад

24 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад. Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон  ва варзиш ба варзишгарони беҳтарини соли 2019 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Инчунин,  дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизадорони Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ,  рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника – технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки ғолибият ба даст овардаанд, бо ҷоизаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамзамон, дар доираи “Барномаи давлатии тарбияи ҳарбии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022” ғолибони Ҷоизаи “Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” […]

20.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Нуқра ва биринҷии бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

Бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт ду медал – як нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. 17-ум Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт (World Cup of Boxing Oil Countries) 11-14 декабр дар шаҳри Белоярски Федератсияи Россия баргузор шуд. Миҷгона Самадова дар вазни 57кг пас аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Руссия Малика Шоҳидова ва Ирина Сафарова дар финал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Даря Абрамова мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард. Шоира Зулқайнарова дар чорякфинали вазни 60кг бар Анастасия Горожантсева (Руссия) ғалаба карда, дар нимфинал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Наталия Шадрина шикаст хурд ва ҷои сеюмро ишғол намуд. Се […]

16.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки ҳазорон нафар варзишгарону дӯстдорони навъи бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид. Дар маросими баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, бозиҳои миллии варзишӣ рушд намуданд. Баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки бозиҳои гуногуни […]

14.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 181