734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Ғалабаи шоёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Туркманистон. Ҳисоб 3:0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шоми дирӯз бар дастаи мунтахаби Туркманистон яке аз ғалабаҳои намоёни худро таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов бо натиҷаи 3:0 ба даст овард. Ин вохӯрии рафиқонае буд, ки ҳар ду даста ҳайатҳои худро барои бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё имтиҳон карданд ва омодагиро то моҳи марти соли оянда идома медиҳанд. Се голро ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, нишонзани беҳтарини мавсимҳои соли 2015 ва 2016-и Лигаи олии Чемпионати мамлакат Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонд. Ҳисоб дар вохӯрӣ дар дақиқаи 35-ум, баъд аз он ки Парвизҷон Умарбоев аз канори чапи майдон тӯбро ба назди дарвозаи дастаи мунтахаби Туркманистон равон кард, кушода шуд. Манучеҳр Ҷалилов бо як ҷасти зебо […]

10.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Бонувони Хоруғ ғолибони мусобиқаи волейбол гардиданд

Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ аз намуди волейбол миёни ҷавондухтарон, ки ҳафтаи пеш дар шаҳри Хоруғ оғоз ёфт, чамъбаст гардид. Аз рӯи холҳои умумӣ дар чор басти бозии финалӣ дастаи Мактаби варзишии Хоруғ бар тими Мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 2 бо ҳисоби  3 : 1 (25 : 22, 24 :20, 22 : 24, 20 : 18) дастболо шуда, ғолиби мусобиқа эълон шуд. Барои гирифтани мақоми сеюм дастаҳои Омӯзишгоҳи № 8 ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ талош намуданд. Тими Омӯзишгоҳи № 8 дар се басти даври ниҳоӣ бо ҳисоби 3 : 0 (20 : 18, 23 : 20, 22 : 16) бар рақибаш ғолиб омада, соҳиби ҷойи сеюм гашт. Дар фарҷоми бозӣ ғолибон бо мукофоти […]

10.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Хоруғ: Мусобиқаи бокс миёни кӯдакону наврасон

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии мактаби № 7 шаҳри Хоруғ мусобиқаи кушоди минтақавӣ аз намуди бокс баргузор гардид. Дар он 150 нафар варзишгар аз 11 сола то 17 солаи маркази вилоят ва ноҳияи Шуғнон миёни ҳам рақобат намуданд. Ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хоруғ ва Федератсияи бокси ВМКБ гузаронида шуда, ғолибон ба тариқи зайл муайян гардиданд: Вазни 24 кг: 1. Абдулназар Абдулназаров – Хоруғ 2. Зафар Мамадризобеков – Пиш (Шуғнон) 3. Чоршанбе Шоалифов – Хоруғ 3. Фаррух Мирзошоев – Пиш Вазни 30 кг: 1. Беҳрӯз Назарамонов – Хоруғ 2. Азим Халифаев – Хоруғ 3. Аким Пӯлодов – Хоруғ 3. Виталий […]

10.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Гӯштини миллӣ ҳамрадифи номи миллат аст

Дар баробари дигар муқаддасоти нуфӯзофари миллӣ варзиш ягона воситаест, ки бо қувваи бозу ва эҳсоси табиии инсонӣ давлат ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Дар шароити имрӯза варзиш риштаҳои гуногуни касбию оммавӣ ва олимпию ғайриолимпӣ дорад, ки мувофиқан самт ва шаклҳои фаъолияти худро муайян месозад. Аммо ришта ва ё раванди маъмул ва пурталоши варзиш намудест, ки давлатро на танҳо аз рӯи ишғоли ҷойи намоён тавассути мусобиқаҳо муаррифӣ менамояд, балки аз умқи таърих, тамаддун ва фарҳанги миллӣ ташаккул ёфта, ҳамрадифи номи миллат аст. Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: “Дар баробари вусъат ёфтани намудҳои гуногуни варзиши ҷаҳонӣ дар кишвар аксари намудҳои варзиши миллӣ ҳам ҷоннок мегарданд, ки […]

28.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ оғоз гардид

Субҳи имрӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон  бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз Душанбе 1, Душанбе 2, Суғд 1, Суғд 2, Суғд 3, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Хатлон 1 ва Хатлон 2 иштирок доранд. Шумораи умумии иштирокчиёни мусобиқа 360 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 20 нафарашон бонувон мебошанд. Мусобиқа то 23 октябр идома ёфта дар натиҷаи он ғолибон ва ҷоизадорон муайян […]

22.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 305 306 307 308 309 337