734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Баҳодур Усмонов соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио гардид

Варзишгари маъруфи мамлакат Баҳодур Усмонов аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст овард.  Баҳодур 11 март дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бар варзишгари Эрон Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд. Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқа дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Обада Алкасба мағлуб шуд. Дар вазни -63кг дар баробари Баҳодур Усмонов Обада Алкасба (Урдун), Закир Сафиулин (Қазоқистон), Баатарсуҳиин Чинзориг (Муғулистон), Элнур Абдураимов (Ӯзбекистон) ва Маниш Каушик (Ҳиндустон) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои […]

11.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Муҳтарам рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи соҳаи матбуот!  Пеш аз ҳама мехостам якояки шуморо бо Рӯзи матбуоти тоҷик самимона шодбош бигуям. Мусаллам аст, ки таърихи матбуоти тоҷик бо нашри аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” санаи 11-уми марти соли 1912 оғоз гардид. Рӯзнома дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик — тоҷир ва миллионери Бухоро Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публитсисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуд. Муҳарририи рӯзнома ба ӯҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода гузошта шуда буд. Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамин рӯз, яъне санаи 11-уми март ҳамчун «Рӯзи матбуоти тоҷик» — Иди касбии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ҷашн […]

11.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Допинг- қотили орзуҳои варзишгар

Дар ҷаҳони муосир падидаҳое мавҷуд аст, ки инсонҳо бештар бо онҳо дучор гардида, аз онҳо ё манфиат мебинанд ва ё ба нокоми дучор мегарданд. Дар ҷаҳони варзиш маводҳои таъсиррасоне мавҷуд аст, ки дар мавриди истифодаи онҳо бештари варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ ҳаёти ояндаи хешро зери суол мебаранд. Ин гуна маводҳои таъсиррасон миёни ҷомеаи варзишӣ бо номи допинг маъмул аст ДОПИНГ – аз калимаи англисӣ (dope) гирифта шуда, маънояш додани маводи мухаддир, барои муваққатан нигоҳ доштани неруи ҷисмонӣ ва равонӣ истифода карда мешавад. Айни замон аксар варзишгарони касбӣ ба ин мушкили дучор мешаванд. Барои ҳалли масъалаи мазкур як чанд саволҳо пеш меоянд: чи гуна бояд системаи назорати допингро ба роҳ монд, кадоме […]

11.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Омодагии ҷавонон ба ҷашнҳом бузургӣ миллӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо як шукуҳу шаҳомати хосса истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ, Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон озмуну чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, варзишиву оммавӣ ва хонишҳои сисёсиро банақша гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ҳар як гушаву канори кишвар, алалхусус деҳаҳои дурдаст ташкил ва баргузор намуда истодааст, ки барои чавонон, бахусус ҷавондухтарон як заминаи муҳимеро барои фардои нек мегузоранд. Озмунҳои “Њусноро” дар ноҳияи Ховалинг, “Суради аллаи Модар” дар ноҳияи Файзобод, “Кани духтарон” дар ноҳияи Ванҷ, мизи мудаввар дар мавзӯи “Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ” дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқаҳои варзишӣ оида ба намудани волейбол […]

10.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУРОҶИАТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОН: дар робита ба паҳншавии коронавируси COVID-2019 аз сафар ба Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоед

Бо дарназардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Италия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.  «Ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта шуда, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя гарданд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез шавад»,- тавсия медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои […]

06.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 191