734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Нахустин чемпионати ҷиу-ҷисту дар Тоҷикистон

29 июли соли 2017 тибқи нақшаи тақвимии баргузории мусобиқаҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нахустин маротиба чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар доираи “Соли ҷавонон” баргузор гардид. Дар нахустин чемпионати ҷиу-ҷитсу 75 варзишгар дар 7 вазн аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ миёни худ рақобат намуданд. Чемпионати зикргашта дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати кишвар доир гардид. Дар оғози мусобиқа ба 6-нафар варзишгар камарбандҳои гунонгуни ранга аз ҷониби масъулин ҷиҳати муайян намудани мақоми варзишгарон супорида шуд. Дар кушодашавии нахустчемпионат оид ба ҷиу-ҷитсу намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроби Акбаршо иштирок ва […]

03.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Оғози омодагии масъулин ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020

Дар асоси фармоиши дахлдори раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз ҳисоби намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ ва мутахассисони соҳаи варзиш гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 таъсис дода шуд. Субҳи имрӯз аввалин ҷаласаи гурӯҳи корӣ зери роҳбарии муовини якуми раиси Кумита Назарзода Ризо оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 баргузор шуд, ки дар он тамоми паҳлуҳои масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

03.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Сафари кории раиси Кумита ба мавзеи “Хоҷа Оби Гарм”

26-уми июли соли ҷорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ба ноҳияи Варзоб, мавзеи “Хоҷа Оби Гарм” сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни сафари корӣ раиси Кумита аз ҷараёни омодагии лижаронҳо ва шароити тамрин онҳо аз наздик шинос гардид. Имрӯзҳо 21 нафар варзишгарон аз намуди лижаронӣ дар мавзеи “Хоҷа Оби Гарм” зери сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон ба бозиҳои олимпӣ омодагӣ дида истодаанд. Дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти тамрин ва омодашавии лижаронон Аҳтам Абдуллозода аз дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии […]

26.07.2017 Нет комментариев Читать далее>

ХАТЛОН: Роҳҳои ҷалби сектори хусусӣ дар рушди соҳаи варзиш омӯзонда шуд

20 июл дар ноҳияи Ёвон дар мавзӯи “Механизмҳои ҷалби сектори хусусӣ дар рушди соҳаи варзиш”, бо иштироки муовинони соҳаи иҷтимоӣ ва мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинари вилоятӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории семинари мазкур ҷалби секторҳои хусусӣ дар рушди соҳаи варзиши вилоят, ба истифода додани маҷмааҳо, майдонҳо, толорҳо ва инфросохтори варзишӣ дар қаламрави вилоят бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва ба ин васила ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш маънидод гардид. Дар рафти семинар муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, раиси ниҳояи Ёвон Амирбеки Темур ва иштирокчиён аз маҷмааи варзишии “Ваҳдат”, ҳавзи пушидаи “Форам”, майдончаи хурди футбол, толорҳои […]

24.07.2017 Нет комментариев Читать далее>

ҚӮРҒОНТЕППА: 2 майдончаи варзишӣ кушода шуд

18 июл аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Қӯрғонтеппа 2 майдончаи варзишии замонавӣ барои бозии футболи хурд ва дигар шароитҳои мусоид барои истифодабарии ҳаррӯзаи варзишгарон ба истифода дода шуд. Дар кушодашавии майдончаҳои варзишӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷамолиддин Исматуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба ифтихори кушодашавии майдончаҳои варзишӣ ва бахшида ба “Соли ҷавонон”, аз тарафи Федератсияи футболи вилояти Хатлон мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд байни наврасони солҳои таваллуди ‎2003-2004 доир шуд.

20.07.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 252 253 254 255 256 310