734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


А. АБДУЛЛОЗОДА: “Соли ҷавонон” соли таърихист

Хонандаи азиз, тавре иттилоъ доред, 22 декабри соли 2016, зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуда буданд. Инро мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва коршиносону ҷавонони кишвар ҳамчун як “соли таърихӣ”, “гардиши куллӣ” ва “оғози марҳилаи нав” дар сиёсати давлатии кор бо ҷавонон тавсиф менамуданд. Инак, мо ба фарҷоми “соли таърихӣ” расидем. Аслан, татбиқкунандаи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои ҳамин дар сархати татбиқи кулли нақша-чорабиниҳои “Соли ҷавонон” қарор мегирад. Аз ин рӯ, дар фарҷоми “Соли ҷавонон” доир ба ҳадафи эълон доштани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, мазмуну моҳияташ, […]

01.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки 210218 нафар дар чорабиниҳои Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар тамоми қаламравӣ мамлакат дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Бахшида ба ин санаи муқаддас 24 ноябри соли 2017 силсилаи чорабиниҳои гуногуни оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ, ҳамоишу аксияҳои иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки васеи аҳолӣ, бахусус ҷавонон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ баргузор карда шуд. Ҳамин тавр бахшида ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи иҷрои Нақшаи тасдиқгардида бо ҷалби кормандони вазорату идораҳо машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки зиёда аз 10000 нафар танҳо дар шаҳри Душанбе […]

30.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Қӯрғонтеппа: Чорабиниҳои варзишӣ доир гардид

Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 ноябри соли 2017 бахшида ба  ҷашни бошукӯҳи миллӣ 25 – умин солгарди қабули Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабиниҳои гуногуни варзишию омавӣ, роҳпаймоҳои осоишта ва веламарафон бо ҷалби беш аз 7000 нафар баргузор гардид. Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа нахуст аз субҳи содиқ  дар се мавзеи   шаҳр аз соати 6:30 то  7:30  машқҳои дастаҷамъонаи варзишӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар наврасону ҷавонон, кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, варзигарону мараббиён, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ ва  устодони соҳаи варзиш баргузор гардид. Ҳамзамон, дар хиёбони Ваҳдати шаҳри Қӯрғонтеппа марафонҳои велосипедронӣ, […]

25.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ба ифтихори Рӯзи Парчам веломарафон ва дави миллӣ баргузор шуд

Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони пойтахт баҳри иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ – мусобиқаи велосипедронӣ ва дави миллӣ, ки соати 12-и имрӯз аз назди чорроҳаи Боғи “Хайём” (майдони Товус) оғоз шуд, ҷамъ омаданд. Иштирокчиёни мусобиқаҳо бо як рӯҳияи болида баҳри арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллии кишвар – Парчами давлатӣ бо лавҳаву овезаҳои варзишӣ, зери шиори “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам” ширкат варзиданд. Мусобиқаи веласипедронӣ аз чорроҳаи Боғи “Хайём” (майдони Товус) оғоз гардида, то Наврӯзгоҳ дар масофаи 3,5 км баргузор шуд. Дар он зиёда аз 2 ҳазор велосипедронон иштирок намуданд. Баъди гузаронидани мусобиқаи велосипедронӣ дар масофаи мазкур наздики 10 ҳазор нафар варзишгарону ҷавонон ва сокинони шаҳри Душанбе баҳри таҳкими […]

24.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Зиёда аз 10000 нафар  ҷавонон барои таҷлили  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам омаданд

Мардуми фархундаю сарбаланди миллати тоҷик аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот намуда бо ишитироки худ дар тамоми чорабиниҳо содиқиву вафодории худро нисбат ба меҳрубонию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат иброз медоранд. Субҳи имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 25 – умин солгарди қабули Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро машқи пагоҳирӯзии оммавӣ дар майдони “Шаршара” – и назди Наврӯзгоҳи пойтахт таҳти унвони “Варзиш – қосиди сулҳ” бо иштироки беш аз 10000 нафар баргузор гардид. Дар машқи пагоҳирӯзӣ  варизишгарони маъруфи кишвар, кормандони ҷавони  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мураббиён, […]

24.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 241 242 243 244 245 310