734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Дар Варзоб мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ доир гардид

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзиб мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба Каратэ-до шотокан S.K.I.F миёни наврасон доир гардид, ки дар он шумораи зиёди варзишгарони наврас ва алоқамандони ин навъи варзиш иштирок намуданд.

25.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

23 ноябри соли 2019 Ҳамватанони азиз! Бо камоли ифтихор тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлати миллии мо буда, мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям. Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад. Парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, ки имсол ба ин санаи муҳим даҳ сол пур мешавад. Ливои зафару нусратҳои мардуми кишварамон ҳамаи моро ба […]

25.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусоҳибаи Абдуллозода Аҳтам Рустам бо хабарнигори АМИТ “Ховар”

Парчами давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳангӣ мебошад. Маҳз қабули Парчами давлатӣ ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонон мусоидат намуд. Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода суҳбат намуд, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем. АМИТ «Ховар»: Нақши арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Парчам дар тарбия ва худшиносиву худогоҳии насли ҷавон имрӯз чӣ гуна аст? А.Абдуллозода: Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳо падидаи хеле муҳим ва басо зарурӣ […]

25.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сомон Маҳмадбеков – барандаи медали биринҷии “Osaka Grand Slam-2019”

Чемпиони ҷаҳон–2019 оид ба дзюдо миёни ҷавонон, варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков медали биринҷии Гранд Слами Осакаро ба даст овард.   Мусобиқа 22 ноябр дар шаҳри Осакаи Давлати Ҷопон оғоз гардида, фардо – 24 ноябр ба анҷом мерасад. Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Бенймин Ахус, дар даври сеюм бар варзишгари Руссия Евгений Прокопчук ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Масашӣ Ебинума, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд, мағлуб гардид. Сомон сипас, дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари дигари мизбон Арата […]

23.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро эълон менамояд

Дастгоҳи марказии Кумита Мудири Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 1258,20 сомонӣ Сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 768 сомонӣ Вилояти  Хатлон          1.Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод–1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Шаҳритуз – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак -1 ҷой, маоши […]

22.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 176