734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Ҷоми Президент насиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов гардид

Дар даври финалии сеюмин Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо” варзишгари маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо рақибаш Александр Вахавяк аз Ҷумҳурии Белорус рақобат намуда, ғолиб баромад. Ҳамин тавр ҷои аввал насиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон), ҷойи дуввум Александр Вахавяк (Белорус) ва ду ҷои сеюмро Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Сантяго Алварес (Куба) соҳиб гардиданд. Дар маросими пушидашавии сеюмин Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо”, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба ғолиби ҷои аввал Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо ва маблағи калони пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ғолибони ҷои дуввуму севум низ бо медал ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишагрони […]

06.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Аввалин олимпиадаи байналмилалии Ҳаракати олимпӣ

Аз 24 то 29 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Академияи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ байни давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе  якумин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ байни ҷавонони ин давлатҳо баргузор мегардад. Наздик ба 60 нафар иштирокдорони Олимпиада, ки ҷавондухтарон ва ҷавонписарони синни  аз 18 то 25 соларо ташкил медиҳанд, аз 8 ҷумҳуриҳои ИДМ -Армения, Белорусия, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Украина ва Ўзбекистон дар ин чорабинӣ иштирок менамоянд. Мақсади Олимпиада ин омўзиши ҳаматарафаи таърихи пайдоиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ, ақидаҳои асосӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва сулҳу дўстӣ байни  миллатҳои давлатҳои аъзо мебошад. Ба Барномаи Олимпиада  тест (250 савол) […]

20.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ, мутахассисону собиқадорони соҳаи варзиш, ҷоизадорону ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим ширкат варзиданд. Мавсума Муинӣ нахуст ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи варзишгарон табрик намуда, ба онҳо муваффақиятҳо таманно намуд. Сипас, собиқадорони соҳа оид ба дастоварду пешравиҳои дар соҳаи варзиш суханронӣ намуданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба як қатор варзишгарон унвонҳои варзишӣ, ба собиқадорон кӯмакпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба кормандони соҳа, ки дар татбиқи сиёсати давлатии варзиш саҳми арзанда гузоштаанд, Сипосномаи Раиси Кумитаи […]

10.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Хуршед Маҷидов дар чемпионати ҷаҳон соҳиби медал гардид

Варзишгари ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни варзишгарони синашон то ҳаждаҳсола дар Босния ва Ҳерзеговина дар вазни беш аз 90 кило мақоми севумро касб кард ва медали биринҷӣ ба даст овард. Ин бори аввал аст, ки дар риштаи дзюдо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон намояндаи Тоҷикистон ба чунин дастовард сазовор мегардад. Дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон Хуршед Маҷидов пас аз се ғалаба ба Лхақвадори Батҷаграл (Муғулистон), Дмитрий Хохлов (Булғористон) ва Филип Милҷевик (Хорватия), дар даври ниманиҳоӣ аз Камол Каитов (Русия) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар Игнас Мекаҷус (Латвия) ғолиб омад ва соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин мусобиқа 475 варзишгар аз 59 […]

10.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Табрикоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи варзишгарон   Варзишгарони арҷманд! Парчамбардорони мӯҳтарам! Пеш аз ҳама Шуморо ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки маҳз ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарон ҳамасола 10 август ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик менамоям. Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки варзиш рӯз ба рӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо рушду инкишоф ёфта, қисмати асосии аҳолии мамлакат рӯ ба он овардаанд. Рӯй овардани ҷавонону наврасон ба варзиш аз солимии миллати тоҷик шаҳодат дода, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид гузоштааст. Эълон гардидани 10 август  ҳамчун Рӯзи варзишгарон ва таҷлили ҳамасолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати […]

10.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 193 194 195 196 197