734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис насиби кӣ шуд?

10-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистону Узбекистон ба анҷом расид. Дар мусобиқа 64 теннисбози навраси то 17-сола аз 10 давлат – Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико иштирок карданд. Миёни писарон теннисбози тоҷик Исамҷон Шарифов ғолиб шуд. Варзишгари дигари мо Аминҷон Абдуллоев ҷои сеюмро сазовор гашт. Ҷои дуюмро Данила Мароз аз Белорус ишғол намуд. Миёни духтарон бошад, Моҳинур Шарипова аз Узбекистон ғалаба кард. Ҷойҳои дуюму сеюмро теннисбозони тоҷик Наргиза Яҳёева ва Диана Иванихина ишғол карданд. Дар қувваозмоиҳои ҷуфтӣ миёни писарон тоҷикистониҳо Исамҷон Шарифов / Аминҷон Абдуллоев ҷои аввалро ба даст оварданд. […]

28.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

марҳилаи дуюми Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар ноҳияи И.Сомонӣ

Имрӯз дар муассисаи давлатии боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С.Айнии ноҳияи И.Сомонӣ марҳилаи дуюми Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот миёни дастаҳои ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардида истодааст, ки дар мусобиқаи мазкур 101 нафар сокинон иштирок намуданд, аз љумла 25 нафар бонувон. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.

28.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибият муборак! Тоҷикистон ба пеш!!!

Чанде пеш дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ба пирӯзии нав соҳиб шуд. Дар бозии дуюми гурӯҳи «В» шогирдони Аҳлиддин Турдиев дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, соҳиби роҳхат ба даври финалӣ гардиданд. Аз ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон голҳоро Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Сайдалиев ба нишон расонида, пирӯзии дастаашонро таъмин намуданд. Рақиби дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Президенти Қазоқистон баъд аз бозӣ байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Қазоқистон ва Литва муайян мешавад.   Хотиррасон мекунем, ки дар даври якум дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони Арманистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.   Ҷоми президенти […]

26.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис ифтитоҳ ёфт

Нимаи дуюми имрӯз дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии 10 – умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии мусобиқа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Федератсияи тенниси кишвар, намояндагии корпуси дипломатии кишвар, варзишгарону ҳаводорони ин навъи варзиш иштирок намуданд.   Нахуст, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимни суханронии хеш иброз додштанд, ки баргузории мусобиқаи байналмилалии мазкур дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ […]

23.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки Пешвои миллат дар мусобиқаи футбол байни наврасон

21 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаро тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ карда, байни ҳам қувва озмуданд. Аз дақиқаҳои аввали бозӣ мушоҳида гардид, ки наврасон дар вақти тамрин бо истифода аз шароитҳои мусоиди фароҳамовардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон нозукиҳои ин намуди варзиши оламшумулро аз худ кардаанд. Чусту чолокӣ, риояи техникаи бозӣ ва дигар ҳаракатҳои футболбозон шаҳодати ин гуфтаҳост. Ҳисобро дар дақиқаҳои […]

23.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 180 181 182 183 184 336