734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Мусобиқаи велосипедронии “Критериум – 2019” дар вилояти Суғд баргузор гардид

17 феврали соли 2019 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ доир гардид. Варзишгарон аз шаҳри Хуҷанд то назди гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сабқат намуданд. Тавре хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Шодмон Нурматов иттилоъ медиҳад, нахуст, дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов ва раиси Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев оид ба ҳадаф ва мақсади баргузории озмун ибрози назар намуданд. Зикр карда шуд, ки дар заминаи дастуру […]

18.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ идома дорад

Дар ҶДММ “Сафед – дара” қисмати дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ аз рӯи слаломи калон ба масофаи 800 миёни 76 нафар варзишгар бомаром идома дорад. Тавре Садолати Ибодулло мурабии дастаи занона аз марказӣ баргузории мусобиқа иттилоъ доданд, мусобиқа дар як сатҳи баланду зарурӣ доир гардида истодааст, ки ҳайати иштирокчиён 76 нафарро ташкил медиҳанд. Дар мусобиқа 8 нафар бонувон барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Садолати Ибодулло зикр доштанд, ки мусобиқа пас аз як соат ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва […]

17.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Роҳ ба сӯи Токио – 2020

Дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки 15 феврал баргузор шуд, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров низ иштирок карданд.   Дар оғози ҷаласа муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо хабар дод, ки нақшаи сеҷониба миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишии намудҳои дзюдо, қайиқронӣ ва гуштини озоду юнонӣ-римӣ омода шуда, барои тасдиқ ба роҳбарият  пешниҳод шуд. Дар асоси нақша сарчашмаи маблағгузории ҳайати дастаҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ […]

17.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Сахалин

15 феврал аз рӯи барномаи аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019”, ки дар Сахалини Руссия ҷараён дорад, аз ҷумла мусобиқаи лижаронӣ, намуди слалом баргузор гашт. Дар бароибари 46 нафар иштирокчии ин мусобиқа 2 варзишгари навраси тоҷик – Ҷаҳонгир Аҳёзода ва Маҳмудҷон Эшонов низ ширкат карданд. Ҷаҳонгир бо натиҷаи 1:38.75 ҷои 16-ум ва Маҳмудҷон Эшонов бо натиҷаи 2:01.08 ҷои 18-умро ишғол карданд. Се ҷои ифтихориро намояндагони Руссия – Семён Челмакин (1:17.46), Олег Фураев (1:18.94) ва Александр Тихомиров (1:19.36) ба даст оварданд. Аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” 7 феврал шуруъ гардида, 16 феврал ба анҷом мерасад. Барномаи бозиҳо аз 8 намуди варзиш иборат буд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, сабқати лижаронӣ (гонка), ҷаҳиш аз трамплин […]

16.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни ҷавонону наврасон баргузор гардида истодааст

Аз 16 то 17 феврали соли 2019 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни ҷавонону наврасон (духтарон ва писарон) дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб баргузор мегардад. Имрӯз дар базаи ҶДММ “Сафед – дара” рӯзи аввали мусобиқа бо доираи васеи варзишгарон ба кори хеш оғоз намуд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии бозиҳои намудҳои зимистона ҷиҳати рушди ин навъи бозиҳо тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки дар ду соли охир шумораи иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ рӯ ба афзоиш аст. Ба Комиссияи ваколатӣ оид ба баргузории мусобиқаи мазкур 9 даста иборат аз 85 нафар, аз ҷумла 76 варзишгар, аз […]

16.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 178 179 180 181 182 307