734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Ашқобод-2017: Ғалабаи Сиёвуш дар даври аввал

АШҚОБОД. 2017, 16 сентябр Дар рӯзи дуюми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ мусобиқот оид ба муайтай идома ёфт. Дар ин намуд варзишгарон дар вазнҳои -60 ва -81 кг рақобат карданд. Варзишгари тоҷик Сиёвуш Забиров дар вазни -81 кг ба ринг баромада, ҳарифаш Муҳаммад Салама аз Урдунро бо ҳисоби 29:27 мағлуб кард. Ҳарифи Сиёвуш дар даври чорякфинал Ҳошим Маҷиди эронӣ мебошад. Ин ҳарб 19 сентябр доир мегардад. Мусобиқот оид ба муайтай фардо 18 сентябр идома меёбад. Варзишгарони тоҷик Манучеҳри Назривалӣ дар вазни -54 кг бо Елазан Замирбеков аз Қирғизистон ва Саъдӣ Шарипов дар вазни -57 кг бо Чотичанин Кокрашай аз Тайланд рақобат мекунанд.

16.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Бошукӯҳтарин чорабинии варзишии “Соли ҷавонон” анҷом ёфт

10 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе даври сеюм ва ҷамъбастии бошукӯҳтарин ҷорабинии варзишии сол – Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки аз рӯзи 8-уми сентябр оғоз гардида, ба 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва “Соли ҷавонон” бахшида шуда буд, доир гардид. Фестивали мазкур варзишгарону мутасадиёни соҳаи варзишро аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба ҳам оварда буд. Зимни баргузории он Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагон аз Ҳукумати шаҳри Душанбе, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ низ иштирок доштанд. Дар оғози фестивал намояндагони минтақаҳои ВМКБ, Кӯлоб, Зарафшон, Ҳисор ва Рашт таҳти савту […]

13.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Марҳилаи сеюуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз конфронс оғоз шуд

8 сентябр, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бахшида ба даври сеюуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки аз 8 то 10 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ баргузор мешавад, конфронси ҷумҳуриявии илмӣ–амалӣ баргузор гашт. Дар Конфронс Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Шодӣ Сафар, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Табаралӣ Ғаниев, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, роҳбарони клубҳои варзишии кишвар ва дигар намояндагони соҳаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Шодӣ Сафар ҳозиринро нахуст ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва оғози марҳилаи сеюуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ табрик намуда, ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшид. Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо […]

13.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Темурмалик

Чанде пеш Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ бахшида ба таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода додани якчанд иншооти гуногун ба ноҳияи Темурмалик ташриф овард. Сарвазири мамлакатро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси ноҳияи Темурмалик Аслзода Эмомиддин ва масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамроҳӣ намуданд. Дар доираи сафар сарвазири мамлакат барои ҷавонону сокинони ноҳия маҷмааи варзиширо ба истифода доданд. Маҷмааи мазкур аз ду ошёна ва толори васеъ барои 300 ҷои нишаст иборат буда, дар қабати дуюми бино ҷой барои тамрини бадан бо тамоми шароити мусоид муҳайё гардидааст. Инчунин баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Қоҳир Расулзода биноҳои нави Гимназияи №1 […]

06.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

А. АБДУЛЛОЗОДА: Дастпарварони Донишкада имкониятҳои бештар барои муаррифии миллатро доранд

Имрӯз, 1 сентябри соли 2017, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва Соли нави хониш дар арафаи “Соли ҷавонон” бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мулоқот доир намуд. Раиси Кумита дар аввали суханронии худ донишҷӯёнро ба Рӯзи дониш табрик намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар роҳи донишазхудкунию донишандӯзӣ ҳарчи зиёд саъю талош намоянд. Аҳтам Абдуллозода дар рафти суханрониаш аз дастгирииҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда иброз дошт: “Мо шоҳидем, ки дар кишвари мо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба таври хосса ҳамасола бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами […]

01.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 177 178 179 180 181 243