734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Ҷоми Истиқлолият ҷамъбаст гардид

15 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 28-ум солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ баргузор шуд. Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 4 категорияи вазнӣ: -65кг, -75кг, -90кг, +90кг сурат гирифт. Дар қувваозмоиҳо варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт иштирок намуданд ва ғолибон ба таври зайл муайян гардиданд: Вазни -65кг 1. Разиаллоҳ Лоиқов 2. Ёқубҷон Боқиев 3. Хайрандеш Муродзода Вазни -75кг 1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов 2. Саидмухтор Расулов 3. Хусрав Аламов Вазни -90кг 1. Саидҷамол […]

16.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи  Тоҷикистон оид ба футбол    барои иштирок дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба Урдун сафар намуд. Мавриди ёдоварист, ки мусобиқаи мазкур аз 14  то   22  сентябри соли  равон баргузор мешавад. Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  Аҳлиддин Турдиев исми 23 футболбоз, аз ҷумла, 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро ба  рӯйхат шомил намудааст. Дар марҳилаи интихобӣ  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  шомили гурӯҳи «А» буда, бо дастаҳои  мунтахаби  Урдун, Кувайт, Шри-Ланка ва Непал рақобат мекунад. Футболбозони тоҷиқ бозии нахустини хешро дар ин мусобиқа 16 сентябр ба муқобили  дастаи мунтахаби Шри-Ланка доир мекунанд. Баргузории ин бозӣ соати 19:00, бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар марҳилаи […]

13.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

“Ҷоми Пешвои миллат” дар марҳилаи сеюм расид

14 – 15 сентябри соли 2019 марҳилаи интихобии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” оид ба шоҳмот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Марҳилаи интихобӣ барои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар ноҳияи Рашт баргузор гардида, мусобиқаи мазкурро Абдурасулов Муҳаммад ва Абдуллоев Мумин доварӣ менамоянд. Марҳилаи интихобӣ дар минтақаи Ҳисор дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардида, дар мусобиқаи мазкур Зарипов Рустам ва Солеҳов Манон беҳтаринҳоро муайян менамоянд. Тибқи иттилои Абдуллоев Мумин – директори муассисаи давлатии макатаби варзишии ноҳияи Рашт барои баргузории мусобиқаи мазкур ба варзишгарон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, мусобиқаи мазкур бо иштироки беҳтарин чеҳраҳои варзишии ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки даври […]

13.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибият дар даври аввал дар чемпионати ҷаҳон

Шоми дирӯз боксчии машҳури Тоҷикистон, чемпиони Осиё дар соли 2019 Баҳодур Усмонов дар аввалин вохӯриаш дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, ба ғалаба ноил шуд. Ӯ дар вазни 63 килограмм боксчии украинӣ Олександр Железнякро бо натиҷаи софи 5:0 шикаст дод ва акнун дар даври дуввум, 14 сентябр бо боксчии турк Эрдемир Тюгрул вориди майдони рақобат мешавад.   Ёдовар мешавем, ки дар 20-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ғайрикасбӣ, ки аз 7 сентябр инҷониб дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, 4 нафар боксчиёни Тоҷикистон — Бахтовар Сагизов (то 57 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев ( то 81 кг) ва Баҳодур Усмонов ( то 63 […]

13.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сабрина Абророва медали нуқра ба даст овард

Дар чемпионати Осиёи ғарбӣ оид ба шоҳмотбозӣ байни шоҳмотбозони наврас тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сабрина Абророва намояндагӣ намуданд. Чемпионати мазкур дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ баргузор гардида, намояндагии 10 давлати дунё дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқа 336 шоҳмотбозон аз рӯи 8 сину сол миёни ҳам рақобат намуданд. Мавриди зикр аст, ки чанде қабл шоҳмотбози ҷавону умедбахш – Абророва Сабрина миёни духтарони 14 сола дар шоҳмоти зудбозӣ (рапид) сазовори ҷойи 2 ва медали нуқра гардида буд. Дирӯз ин варзишгари навраси кишвар аз рӯи шоҳмоти маъмулӣ (стандарт) сазовори ҷойи дуюм гардид, ки ин барои ҳар яки мо мояи ифтихор ва сарфарозист. Ёдовар бояд шуд, ки Сабрина Абророва […]

13.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 175 176 177 178 179 336