734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Мусобиқаи варзишии «Каратэ-до» бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи нақша чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар толори «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до WKF байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими кушодашави мусобиқа Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, собиқадорони варзиш, Мураббии хизматнишондодаи СССР оид ба бисёрҳарба  Геннадий Набиев, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиҷон Кенҷабоев иштирок намуда, варзишгаронро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Довталабони мусобиқаи мазкур аз 8 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 270 нафар варзишгарон буданд. Ғолибони мусобиқа байни духтарон Собирова Сабрина, Турдиқулова Гулсанам, Элназарова Макнуна, Мансурова Сабрина байни писарон    Абдуқаюмзода Муталлиб Рустамов Меҳроҷ, Раҳимов Абдулло […]

17.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти варзишпарвар

Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳо, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш ва мо – варзишгарон шароит фароҳам сохт, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо иштироки хеш дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатмонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон муаррифӣ намоем. Сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки соҳаи варзиши мамлакат аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии […]

17.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Дар шаҳри Кӯрғонтеппа намуди баскетбол миёни духтарон дар ҳоли рушд қарор дорад

Бо мақсади оммавӣ гардонидани бозии баскетбол, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаҳои беҳтарини шаҳр байни ҷавондухтарон, бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри  Қӯрғонтеппа  , рӯзҳои  14-16 ноябри соли 2016  мусобиқаи баскетбол байни духтарони муассисаҳои   таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қӯрғонтеппа, бахшида ба  таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баргузор  шуд. Дар  мусобиқаи мазкур  зиёда аз  170 нафар   ҷавондухтарон  иштирок  доштанд. Баскетболбозони МТМУ №11 бо гирифтаи холҳои зиёд сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқаи  мазкур бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри  Қӯрғонтеппа қадрдонӣ карда шуданд.

17.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони “Дуатлон” муайян гардиданд

16 – ноябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Боғи Айнӣ”- и шаҳри Душанбе муосибиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дуатлон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 50 нафар варзишгарон аз рӯи ду намуд варзиши сабук ва велосипедронӣ байни худ рақобат намуданд, ки дар натиҷа дар байни духтарон Нодира Мирзоева ҷойи аввал, Марям Тошпулодова ҷойи дуюм ва Катрин Кесседи ҷой сеюм, байни писарон Ҳасанбобои Зафарҷон ҷойи аввал, Меҳрубонҷон Одинаев ҷойи дуюм ва Одилшоҳ Исматов ҷой сеюмро сазовор гардиданд. Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби роҳбарияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ диплом, медал ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

17.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид

16 ноябри соли 2016 дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чемпионати ҷумҳурӣ оид ба бокс байни варзишарони солҳои таввалуди 1998 – 1977 оғоз гардид, ки дар он варзишгарон аз дастаҳои ВМКБ як даста, Суғд ду даста, Хатлон ду даста, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ як даста ва шаҳри Душанбе ду даста ширкат доранд. Дар расми ифтоҳи чорабинии мазкур Бозор Носиров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумита, Юсуфалӣ Раҳматов, намоядндаи Федератсияи бокс иштирокчиёни чемпионатро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуданд. Мусобиқаи мазкур то 20 ноябр идома ёфта, ғолибон бо диплом, […]

17.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 174 175 176 177 178 208