734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Саломатии ҷомеа – боигарии давлат

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи Пойтахт” ҳудуди 1000 нафар дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки ҳар рӯзи шанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешаванд, иштирок карданд. Нахуст иштирокчиён аз дастболо гардидани варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро истиқбол намуда, машқҳои пагоҳирўзии имрӯзаро ба ифтихори ин варзишгари маъруфи тоҷик оѓоз намуданд. Дар он ҳамчунин масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, муассисаҳои варзишӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт ҳузур доштанд. Хотирасон менамоем, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ аз 6 августи соли равон ҷиҳати […]

20.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ибораи Дилшод Назаров Мо тавонистем

Cубҳи имрӯз, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба табрики модари Дилшод Назаров, голиби Бозиҳои тобистонаи олимпӣ – 2016 рафтанд. Зимни сӯҳбат Зайтуна Самадовна, модари гурзпартои тоҷик барои дастгирӣ дар рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва варзишгарон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат фарзандаш Дилшод Назаров ғолиби бозиҳои олимпӣ гардидааст. Ҳамзамон модари Дилшод Назаров қайд намуд, ки субҳи имрӯз зимни сӯҳбати телефонӣ Дилшод танҳо бо як ибора эҳсосоти худро баён намуд «Мо тавонистем!» Воқеан ҳам миллати тоҷик нерӯву қудрати бузург дошта, муаррифгару парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилал мебошанд. Дилшод Назаров гурзапартои […]

20.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Дилшод Назаровро бо медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ табрик намуд

20.08.2016 09:33, шаҳри Душанбе Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст. Ба андешаи Дилшод Назаров ғалабаи ӯ дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бо шарофати Ваҳдату истиқлол ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз талошҳову […]

20.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Волейболи соҳилӣ

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои Нақша чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 27 июли соли 2016, №16/208 аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 18 августи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар ду мавзеи шаҳри Гулистон (дар соҳили Баҳри тоҷик ва осоишгоҳи «Баҳористон») чорабинии оммавӣ-варзишӣ оид ба волейболи соҳилӣ бо иштироки зиёда аз 40 нафар, аз ҷумла 15 нафар бону ва зиёда 200 нафар мухлисон баргузор гардид.

18.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Ғуломҳайдаров оғоз гардид

16 августи соли ҷорӣ дар доираи нақша чорабиниҳои таҷлили 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкори бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон В. Ғуломҳайдаров дар  варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  оғоз гардид, ки он то санаи 20 августи соли 2016 идома хоҳат ёфт. Дар мусобиқа 108 нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доранд.

17.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 171 172 173 174 175 196