734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Мусобиқа оид ба футболи хурд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи маҳаллаи “Тиллокон” аз 11 то 29 августи соли 2016 дар майдони варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 2-и шаҳри Хуҷанд мусобиқа оид ба футболи хурд байни истиқоматкунандагони биноҳои баландошёнаи маҳаллаи “Тиллокон” баргузор гардид, ки дар он 10 даста ба 2 зергуруҳ таксим шуда, байни ҳамдигар рақобат намуданд. Дар натиҷа ҷойи аввал насиби дастаи бинои № 27, ҷойи дуюм дастаи бинои №17 ва ҷойи сеюм дастаи бинои №36  гардид. Ба ғолибон ва бозингарони беҳтарин диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд. Дар маросими […]

01.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобикаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба теннис

Аз 27 то 29 августи соли ҷорӣ дар доираи нақша чорабиниҳо ба ифтихори  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобикаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба теннис  дар майдони тенниси варзишгоҳи ба номи “20-солагии Истиќлолият” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 нафар варзишгарон байни худ рақобат намуданд. Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.

01.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Бозгашти Дилшод Назаров аз Рио-2016 ва қадрдонии ӯ аз ҷониби Пешвои миллат

Дилшод Назаров қаҳрамони Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-Де-Жанейрои Бразилия имрӯз, 26 август ба Ватан расид. Ба истиқболи қаҳрамон зиёда аз 7000 (ҳафт ҳазор ) мардуми кишвар дар назди Фурудгоҳи пойтахт ҷамъ омаданд. Қаҳрамони варзиши кишварро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Рустами Эмомалӣ, роҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент пешвоз гирифтаанд. Дилшод Назаров баъди истиқболи гарми издиҳоми мардум, ки ба хотири дидорбинии ӯ ҷамъ омада буданд таъкид намуд, – Ин пирӯзии натанҳо ман, балки пирӯзии мардуми Тоҷикистон аст. Ман дар ҳузури ҳамаи Шумо сараввал минадории худамро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам […]

29.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Дастаи мунтахаби кишвар аз Рио – де -Жанйеро ба Ватан баргашт.

Субҳи 27 авусти соли ҷорӣ, соати 03.35 ба вақти Душанбе ҳайати дастаи мутахаби Тоҷикистон баъди иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио – 2016 ба Ватан баргаштанд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати дастаи мунтахаби кишварро роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишҷӯён, волонтёрон ва намояндагони ВАО пешвоз гирифтанд. Бояд қайд намуд, ки ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 7 варзишгар  аз ҷумла Дилшод Назаров (гурзпартоӣ), Анвар Юнусов (бокс), Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо), Кристина Проженко (давидан ба масофаи 200 м), Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов (шиноварӣ) ташкил медод. Тоҷикистон байни 87 давлати соҳиби медал гашта, бо ба даст овардани як медали тилло дар мақоми 54 – ум қарор гирифт. Хотирасон менамоем, гурзандози […]

29.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Теннисбозони тоҷик ғолибони мусобиқаи байналмилалии барои дарёфти “Ҷоми Президент”

27 август мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир шуд, ҷамъбаст гардид. Дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Рақобатҳо байни писарон ва духтарон аз рӯи тенниси инфиродӣ ва ҷуфтӣ сурат гирифта, ғолибон тариқи зайл муайян шуданд: Рақобати инфиродӣ байни бонувон: Анастасия Турсунова (Тоҷикистон). Комила Муллоева (Тоҷикистон). Шаҳзода Наимова (Тоҷикистон). Рақобати инфиродӣ байни писарон: Шодмон Қурбонов (Тоҷикистон). Иосам Шарифов (Ӯзбекистон).  Бекзод Суюнов (Ӯзбекистон). Рақобати ҷуфтӣ байни бонувон: Шаҳноза Асимова, Камила Муллоева (Тоҷикистон). Ҳанифа Ҳасанова (Ӯзбекистон), Наргиза Яҳёева (Тоҷикистон). Анастасия Турсунова (Тоҷикистон), Мария Никтуюк (Украина). Рақобати ҷуфтӣ байни писарон: […]

29.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 160 161 162 163 164 186