734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Баррасии ҳамкориҳои Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Афғонистон

31 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Аҳтам Абдуллозода муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Зоҳир Акбар Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Афғонистон баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои доир ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни Кумитаҳои миллии олимпии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки баргузории мусобиқаҳои муштарак аз намуди варзишҳое, ки дар ду кишвар рушд ёфтаанд боиси боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ байни кишварҳо мегардад.

01.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм президенти КМОТ интихоб шуд

26 январ дар меҳмонхонаи “Лотус”-и шаҳри Душанбе Ассамблеяи XVI генералии ҳисоботию интихоботии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) баргузо гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм ба муҳлати чор сол президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид. Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии КМОТ, дар бораи фаъолияти Кумитаи олимпӣ дар давраи солҳои 2013-2016 ҳисобот дода, гуфт: “Бузургтарин чорабинии давраи ҳисоботӣ Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил ба ҳисоб мерафт, ки аз 5-ум то 21-уми август баргузор шуд. Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо бо шумули ҳафт варзишгар дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ – иштирок карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мусобиқотро […]

27.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Хуҷанд: Наврасон барои Ҷоми «Бойчечак» талош мекунанд

Дар давраи таътили зимистона бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф аз 4 то 29 январи соли ҷорӣ дар Муассиаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и вилояти Суғд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2000-2005 баргузор мешавад. Дар ин бора Бахтиëр Исматҷонов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайëҳии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, гуфт, мақсад аз баргузории мусобиқа ҷалби наврасон дар давраи таътили зимистона ба мусобиқаҳои варзишӣ, дарёфти истеъдодҳо ва варзишгарони болаёқат мебошад. 12 дастаи наврасони соли таваллудашон 2004-2005 ва 18 дастаи наврасони соли таваллудашон 2002-2003 дар мусобиқа барои дарëфти ҷоми «Бойчечак» байни ҳам рақобат менамоянд.   Манбаъ: javonon.tj/news/sport/khu-and-navrason-baroi-omi-boychechak-talosh-mekunand/#sthash.ZbSfpWcl.dpuf

10.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2016 муайян гардиданд

7 январи соли 2017 дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур Адҳам Маъмурзода намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  мураббиён, варзишгарон ва ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Нахуст, Аҳтам Абдуллозода суханронӣ намуда, иброз намуд, ки шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим […]

07.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Муроҷиатномаи ҷавонон –варзишгарони кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз соли 2010, ҳангоми мулоқоташон бо варзишгарони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси ифтихормандӣ иброз намуда буданд, ки «Варзиш қосиди сулҳ, муаррифгари давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад»: Ин суханҳои волои Пешвои муаззами миллат мо ҷавонон ва варзишгаронро водор намуд, ки пайваста ҳомии муҳофизи обрӯю эътибори Тоҷикистони азиз бошем, Ватани худро дар сатҳи ҷаҳонӣ бо барафрохтани Парчами миллӣ ва нерӯмандию иродаи қавӣ ҳамчун сарзамини биҳиштосо ва созандаву тобанда муаррифӣ намоем. Дар баробари рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои мутамаддин ояндаи онро берушди варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим тассавур кардан ғайри имкон мебошад. Баъд аз мулоқоти Пешвои миллат бо варзишгарони кишвар дар ҷумҳурӣ як такони хеле ҷиддӣ […]

07.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 158 159 160 161 162 196