734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Иштироки лижаронони тоҷик дар VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ

Аз 19 то 26 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор карда мешавад, ки дар он варзишагарон аз 29 давлати Осиё, Австралия ва Зеландияи Нав иштирок менамоянд. Варзишгарон аз 11 намуди варзиш аз ҷумла биатлон, лижаронии куҳӣ, киёлинг, скитинг, сновборд, рақси рӯи ях, чавгонбозӣ ва ғайра байни худ рақобат хоҳанд намуд. Тоҷикистонро варзишгарони кишвар дар ҳайати Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии куҳӣ дар ин бозиҳо муаррифӣ менамоянд. Имрӯз 17 феврал маросими парчамбардории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, санаи 21 феврал ҷаласаи қуррапартоӣ доир карда мешавад. Айни замон варзишгарони мо дар меҳмонхонаи “APA Hotel” қарор дошта, дар сабқатҳо омодагӣ […]

17.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Волейбол байни духтарон дар ноҳияи Айнӣ

Имрӯз бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 Соли чорабинии варзиши аз намуди волейбол байни духтарон баргузор карда шуд.

16.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2017 аз 21 то 22 феврали соли 2017 дар базаи лижаронии “Сафед-дара” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасонро бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор менамояд. Телевон барои тамос: 93 500 60 39

16.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Таъсиси гуруҳи кории соҳаи варзиш баҳри иҷрои дастурҳои Пешвои миллат

Нимаи дуюми рӯзи 15 феврали соли ҷорӣ дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаласаи корӣ таҳти раёсати Аҳтам Абдуллозода раиси Кумита бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо масъулин ва фаъолони шаҳри Душанбе, ки субҳи имрӯз иброз намдуанд, баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур муовинони раиси Кумита, сардорони раёсатҳои тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, директорони мактабҳои варзишии ҷумҳурияӣ, шаҳри Душанбе ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода, зимни баромади хеш иброз намуд, ки дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

15.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ашт: Дастаи Ошоба ғолиби мусобиқаи волейбол гардид

Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” аз санаи 11 то 13 феврали соли ҷорӣ дар толори мактаби варзишии №1-и ноҳия мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол баргузор гардид. Дар он 8 дастаи варзишгарон аз ҷамоатҳои Понғоз, Ошоба, Пунук, Ашт, Меҳробод, Шодоба, мактаби варзишии №1 ва мактаби варзишии №2 иштирок намуданд. Дар натиҷа дастаи волейболбозони ҷамоати деҳоти Ошоба ҷои аввали мусобиқаро ба даст оварданд. Дастаи ҷамоати деҳоти Понғоз ҷои дуюм ва дастаи мактаби варзишии №2 ҷои семюро ишғол намуданд. -Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон ва муттаҳид сохтани онҳо, ҳамзамон муайян кардани дастаи беҳтарини ноҳия оид ба волейбол аст гуфт,-Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш […]

14.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 155 156 157 158 159 196