734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Хатлон: Кушодашавии фестивали бозиҳои миллии варзишӣ

Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон рӯзи 20 июни соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи марҳилаи дуюми “Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ” бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон” баргузор гардид. Дар Фестивал муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллоева, мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Султон Раҷабов, муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша ва мудирони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Хидирзода Махфират Умар зимни ифтитоњи фестивал қайд намуд: “Баргузории бозиҳои миллии варзишӣ сањми назаррас дар тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои […]

22.06.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ташкилотҳои ҷамъиятии варзиши бо шаҳодатномаи Кумита сарфароз гардиданд

Имрӯз санаи 20 июни соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода бо ташкилотҳои ҷамъиятии варзишие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузоштаанд, доир гардид. Зимни вохӯрӣ раиси Кумита иштирокчиёнро бо 20 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда аз аккредитасия гузаштани ташкилотҳоро заминаи муҳим ҷиҳати рушди фаъолияти минбаъда арзёбӣ намуд. Ҳамчунин иброз намуданд, ки соли ҷорӣ барои рушди варзиши тоҷик ду санади муҳим “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” ва “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид, ки ин дастоварди муҳим дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш мебошад. Дар фарҷоми вохӯрӣ […]

20.06.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи шашка байни кормандони ташкилоту муассисаҳо

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бахшида ба 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон” мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба шашка байни кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии мусобиқа мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед қайд кард, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон 20-умин солгарди Ваҳдати миллиро, ҷашн мегиранд ва барои истиқболи сазовори ин ҷашн дар ноҳия мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар мусобиқа 36 нафар қувваозмоӣ намуда, ғолибони бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Бахши кор бо ҷавонон сарфароз гардонида шуданд. Умед Мирзоев, “ҶТ”

19.06.2017 Нет комментариев Читать далее>

Рӯйхати унвонгирони варзишӣ тасдиқ гардид.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва Таснифоти ягонаи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо фармоиши Раиси Кумита аз 3 декабри соли 2014, №221-в тасдиқ шудааст, варзишгароне, ки меъёрҳои варзиширо иҷро намудаанд, бо дараҷа ва унвонҳои варзишии «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссия сазовар гардиданд. НОМЗАД БА УСТОДИ ВАРЗИШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1 Бойматова Мадина Ҳошимовна Таэквондо ВТФ ШНТМ 2 Худойқулова Мафтуна Тоҷибоевна Таэквондо ВТФ ШНТМ 3 Руҳангези Бахтиёр Гуштини милли ШНТМ 4 Ёқуби Абдураҳим Зўрозмоиҳои универсалӣ ШНТМ 5 Бақолов Алишер  Тошпулотович Зўрозмоиҳои универсалӣ ШНТМ […]

12.06.2017 Нет комментариев Читать далее>

Надежа – ғолиби мусобиқаи шоҳмоти панҷдақиқагӣ

Дар донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Русия бо ташабббуси Кафедраи назария ва методологияи варзиши ба номи Озолин ва ихтисоси назария ва методология миёни омӯзгорон ва донишҷӯён мусобиқаи шоҳмот гузаронида шуд. Ин мусобиқа аз дигар мусобиқаҳои шоҳмот тафовут дошт, зеро дар он барои ҳар як қисмати бозӣ ҳамагӣ панҷ дақиқагӣ ҷудо шуда буд, ки барои иштирокчиёни ин намуди варзиш хеле кам аст. Дар шоҳмот бозингарони ботаҷриба ширкат варзида, миёни ҳам рақобат намуданд. Аз миёни иштирокчиён ба даври ниҳоӣ ҳамагӣ чор нафар – се омӯзгор ва як донишҷӯ роҳ ёфтанд. Ғолиби асосии озмун донишҷӯи курси чоруми ихтисоси назария ва методологияи шоҳмот, устоди варзиш оид ба шоҳмот Надежа Антонова гардид. […]

07.06.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 152 153 154 155 156 208