734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Тасдиқи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст. Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, […]

23.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Дзюдочиёни тоҷик дар Гран Прии Тел Авив ширкат мекунанд

Имрӯз – 23 январ – мусобиқаи байналмилалии дзюдо – Гран Прии Тел Авив оғоз мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа, ки аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 548 варзишгар (315 мард, 233 зан) аз 83 давлат иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар ба Исроил сафарбар гардиданд, ки дар 6 вазн миёни мардон гуштин мегиранд: 1. Давлаталӣ Назаралиев (-60кг) 2. Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) 3. Сомон Маҳмадбеков (-73кг) 4. Акмал Муродов (-81кг) 5. Комроншоҳ Устопириён (-90кг) 6. Саидҷалол Саидов (-100кг) 7. Темур Раҳимов (+100кг) 8. Шакармамад Мирмамадов (+100кг). […]

23.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи волейбол дар Донишгоҳи далватии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон варзишгаронро ба ҳам овард

Рўзи 20 январ бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар  Донишгоҳи далватии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба намуди волейбол бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар донишгоҳ баргузор гардида истодааст. Мусобиқаи мазкур аз санаи 20 то  22-юми январ идома меёбад. Дар мусобиқа 18 дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳо, корхонаю ташкилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҷумҳурӣ байни ҳам кувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқа тибқи қоидаи бозиҳои олимпӣ баргузор гардида, дар навбати аввал дастаи Донишгоҳи далватии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон […]

21.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро эълон менамояд

                        Дастгоҳи марказии Кумита 1.Сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 868 сомонӣ 2.Мутахассиси пешбари Шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосиботи Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 768 сомонӣ Вилояти  Хатлон          1.Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод–1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак -1 ҷой, маоши мансабӣ 868 сомонӣ. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон -1 ҷой, маоши мансабӣ 868 сомонӣ. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб 1 ҷой, […]

20.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс соҳиби 3 медал шуданд

 Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон варзишгарони тоҷик сазовори 3 медал: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд.  Мусобиқаи мазкур аз 6 то 10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, дар он наздик ба 200  нафар варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Қазоқистон ва Россия иштирок намуданд. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон аз рӯи 15 категорияи вазнӣ доир шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг ба даст оварданд. Дар вазни 63кг Нурланбек Ёрматов ғолиби медали биринҷӣ гардид.  

14.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 180