734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаи мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар минтақаи ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии Шӯрои амнияти мамлакат қарор дода шуд. Бо назардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар ин минтақа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу […]

21.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат: «Маҷмаа беҳтарин туҳфа барои ҷавонон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад»

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ намудем, яке аз бузургтарин маҷмааҳои варзишии мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҷмааи имрӯза беҳтарин туҳфа барои ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ҷараёни бунёди ин маҷмаа беш аз 300 нафар сокинони пойтахт ба корҳои сохтмону васлгарӣ ҷалб гардидаанд ва тавре мебинем, корҳои сохтмон бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Бинобар ин, ба роҳбарияти пойтахт, лоиҳакашону сохтмончиён, мутасаддиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин иншооти бузург саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям. Ин матлабро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати ба истифода додани маҷмааи варзиш дар шаҳри […]

21.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат: «Тайи се соли охир дар Душанбе 255 майдончаи варзишӣ ба маблағи умумии 205 миллион сомонӣ сохта шуд»

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ифтитоҳи   Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе зикр карданд, ки «дар зарфи солҳои 2019 – 2020 дар пойтахт барои татбиқи босамари сиёсати давлат дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зиёда аз 33 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазорату идораҳо, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд тайи се соли охир дар пойтахт 255 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии 205 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Инчунин, дар ин давра бо мақсади беҳдошти саломатӣ ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахт дар 17 боғи фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе 319 таҷҳизоти варзиш насб […]

21.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба истифода додани маҷмааи варзиш дар шаҳри Душанбе

21.07.2020, шаҳри Душанбе Ҷавонону варзишгарони муҳтарам! Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Марҳалаи навини рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварамон дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзиш, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш ва ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд. Қабули барномаҳои маҷмӯии “Рушди тарбияи ҷисмонӣ […]

21.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд. Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад. Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд гардидааст. […]

21.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 168