734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар Иди асал, нон ва картошка дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

24 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд. Намоишгоҳ аз се қисми асосӣ – намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва ҳунари намояндагони аҳли фарҳанги вилоят шинос шуданд. Дар Иди асал, нон ва картошка сокинони шарафманди вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ дар шаҳри Хуҷанд

24 март дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии “Афранг пласт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Коргоҳи нав ба истеҳсоли профил аз поливинхлорид машғул буда, маҳсулотро барои омодасозии дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар таҷҳизот тайёр менамояд. Ба иттилои масъулин,  дар як сол “Афранг пласт” имконият дорад, ки 1200 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд.  Бояд қайд кард, ки феълан аз хориҷи кишвар ҳамасола ба мамлакат аз 6 то 7 ҳазор тонна  профили  пластикӣ ворид мегардад ва ифтитоҳи ин  коргоҳ  метавонад ба коҳишёбии воридот мусоидат кунад. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Оғози фаъолияти ҶДММ “Хантана Канада ИНК” дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, оғози расмӣ бахшиданд. Дар ин корхона коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир васлу насб карда шудаанд, роҳандозӣ мегардад. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсулоти коркардшуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон 80 грамм то 700 грамм ва зарфҳои махсуси хурди 7-10 грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ба истифода додани маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва тақдими тӯҳфа ба 100 нафар ятимони вилояти Суғд

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд Маркази хизматрасонии “Мавҷ”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур аз 5 ошёна иборат буда, дар он толори бозии кӯдакон, маркази савдо ва меҳмонхона пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд. Сарвари давлат дар ибтидо наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 147