734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди Қурбон самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям. Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад. Яъне аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои созандаи маросиму анъанаҳои динӣ, махсусан, тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару аёдати беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон ва дигар суннатҳои некро густариш дода, маросиму ойинҳои эътиқодии худро дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҷомеа, таҳкими […]

30.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Сооронбай Шарипович, Дар иртибот ба эълон кардани рӯзи мотами миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар кишвар ҳамдардиву таъзияи амиқи ин ҷонибро ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон иброз намуда, ба гирифторони ин бемории сироятӣ шифои ҳарчи зудтар хоҳонам. Мо ҷараёни нигаронкунандаи дар сатҳи ҷаҳонӣ паҳн гардидани вируси сироятии “Ковид-19”-ро бо изтироби амиқ пайгирӣ менамоем. Бовар дорам, ки Қирғизистони дӯст бо сарбаландӣ мушкилоти вобаста ба пандемияро бартараф мекунад ва тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати гирифтани пеши роҳи он ва […]

30.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар рафти суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ӯзбекистони дӯстро ба муносибати ҷашни зодрӯзашон самимона табрику муборакбодӣ намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат фаъолияти давлатии самараноки муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр карданд. Президенти Тоҷикистон таҳаввулоти калонмиқёсеро, ки тайи солҳои охир дар ин давлати ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастаанд, баланд арзёбӣ карда, ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу суботи бардавом, некӯаҳволӣ ва пешрафти доманадор орзу карданд. Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои калидии муносибатҳои дуҷониба тарафҳо алоқамандии […]

24.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди вилояти Суғдозод намудани Сангинзода Ҷ.А. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сангинзода Ҷурабек Абдумаҷид бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 24 июли соли 2020 №1577

24.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасони деҳоти Фалакон боздид намуданд

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва истифодаи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии сокинони деҳаи Фалакон дидан намуданд. Дар намоиш асал, ғалладонагиҳо, сабзавоту меваҷот ва полезиҳо, аз қабили гандум, нахуд, ду навъи лубиё, ҷуворимакка, шолӣ, ду намуди картошка, помидору бодиринг, карам, себу шафтолу ва ғайра, ки аз заминҳои зархези ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсол шудаанд, ба маъраз гузошта шуд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти ба намоиш гузошташуда беш аз 2 тонна ва 40 намудро ташкил медиҳад. Мутобиқи маълумот дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки саҳми […]

22.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 168