734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Имрӯз дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барпо шуд. Дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз марҳалаҳои муҳимми сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намоянда гон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гуруҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд. Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. […]

30.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Дилшод Назаровро бо медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ табрик намуд

20.08.2016 09:33, шаҳри Душанбе Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст. Ба андешаи Дилшод Назаров ғалабаи ӯ дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бо шарофати Ваҳдату истиқлол ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз талошҳову […]

20.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ

26.06.2016 19:00 Ҳамватанони азиз! Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад. Ба ифтихори ин ҷашн тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро шодбош гуфта, ба хонадони ҳар кадоми онҳо осоишу хушбахтӣ, амну субот ва ба Тоҷикистони азизамон рушди босубот орзу менамоям. Бояд гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти […]

09.07.2016 Нет комментариев Читать далее>

Cуханронӣ дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон

27.05.2016 10:32, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Шӯро! Ҳозирини гиромӣ! Нахуст мехоҳам ҳамаи шумо – аъзои Шӯро ва дар шахсияти шумо ҳамаи ҷавонони кишварро бори дигар бо Рӯзи ҷавонон ва аввалин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат табрик намоям. Ҳадаф аз таъсиси Шӯро дар ҳузури Президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, моро зарур аст, ки дар муносибат бо ҷавонон усулҳои боз ҳам муассири ҳамкориро ҷорӣ намоем ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият бахшем. Дар ин замина аз имконоти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода карда, ҷавононро ба […]

09.07.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

22.05.2016, шаҳри Душанбе Ҷавонони саодатманди Ватан! Фарзандони азиз! Дар арафаи ҷашни 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ шумо созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик менамоям. Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред. Шумо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, […]

09.07.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 165 166 167 168