734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

1 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Баррасии маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеъи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои миёни ду кишвар, ки дар заминаи усулҳои пойдори дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфта, дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангу маориф рушд мекунанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки рушди устувору мунтазами ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, ҳам дар ҳошияи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба […]

04.12.2017 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Нимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиши экспонатҳои таърихии онро тамошо карда, дар интиҳои боздид дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек баҳри шукуфоии ҳар чи бештари Ҷумҳурии Белорус ва саодатмандии мардуми ин кишвар соядаст гузоштанд. Бо ҳамин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус ба анҷом расид. Баъди иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти […]

04.12.2017 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ширкат мекунанд

АШҚОБОД. 2017, 17 сентябр Имрӯз – 17 сентябр – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ озими Ҷумҳурии Туркманистон гардиданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидо ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов […]

17.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

31 август сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид. Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон ва арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Ба ифтихори сафари давлатии меҳмони олимақом тибқи муқаррароти истиқболи расмӣ аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик парронда […]

06.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе Омӯзгорони арҷманд ва донишҷӯёну хонандагони азиз! Муҳтарам устодон ва донишҷӯёни Академияи вазорати корҳои дохилӣ! Ҳамватанони гиромӣ! Имсол мулоқоти анъанавии мо ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил якҷо бо ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон – бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат, омӯзгорону донишҷӯёни Академия, устодону толибилмони ҳамаи муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кулли кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва сокинони мамлакатро самимона табрик мегӯям. Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар […]

30.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 138 139 140 141 142 147