734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Шӯрои ҷамъиятӣ ба нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ афзалият медиҳад

Имрӯз, 27 январ, дар Кохи Наврӯз ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, роҳбарият ва аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатию ҷамъиятӣ, динию фарҳангӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат карданд. Ҳоло дар мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ ва қариб дуюним ҳазор созмони ҷамъиятӣ бо дархосту пешниҳодҳои созандаи худ таъсиргузор буда, онҳо дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат саъю талош мекунанд. Сарвари давлат, […]

30.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Таъйиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат як гурӯҳ кадрҳои дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйиншударо ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Худоёрзода Худоёр Завқибек — Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонзода Сулаймон Саид — Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзода Тоҳир Сироҷиддин — муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Имомназар […]

23.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи Раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд. Бо Фармонҳои Президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ аз вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Расулов Ашурбег Раҳматуллоевичро аз вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Самадов Шакарбек Додхоевичро аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Мақсудзода Шӯҳратро аз […]

12.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Пан Ги Мун Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Субҳи имрӯз ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид номаи табрикӣ ирсол гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Бо камоли эҳтиром шарафёбам Шуморо ба муносибати ба иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  “Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик намоям. Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳает, 2005-2015” мусоидат менамояд. Итминон […]

24.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.12.2016, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем. Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо […]

22.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 137 138 139 140 141