734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Ба истифода додани Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» дар шаҳри Конибодом

Дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Нозир Олимов навсозӣ гардида, масоҳати умумии он бештар аз 1 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа моҳи ноябри 2017 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудааст. Барои навсозии Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» тақрибан 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, бо ин мақсад 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Дар маҷмуъ иншооти нави хизматрасонӣ дорои тарабхона барои 150 нафар, чойхона барои 200 нафар, мағозаи […]

02.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар шаҳри Конибодом

Субҳи имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллатро сокинони шарафманди шаҳри Конибодом бо самимияти хоса ва шукргузории беандоза аз фазои сулҳу суботи саросарии Ватани маҳбуб истиқбол гирифтанд. Дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-ро дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст. Сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 дар деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом дар асоси супориши бевоситаи Президенти […]

02.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд

26 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир 20 ҳазор моҳиҳои навъи “сазан” ва “амури сафед” – ро сар доданд. Бояд гуфт, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуда, даромад аз фуруши он як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад. Аз руи маълумоти мутахассисони ин бахш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи “амури сафед”, “пешонағафси сафед” ва моҳии “карп” парвариш карда мешаванд. Моҳиҳои […]

26.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча – мебел” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 

26 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча – мебел” – ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд. Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча – мебел” аз тарафи муассисон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” – и Туркия бунёд шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” – и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошанд. Масоҳати умумии корхона беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, […]

26.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи рақами 28 дар шаҳри Хуҷанд 

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 28-ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, моҳи июни соли 2018 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ХЭОПС» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ, сохта ба анҷом расонида шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада дар ин муассисаи томактабӣ баҳои баланд доданд. Ба истифода додани муассисаи томактабиро сокинони маҳалаи […]

26.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 136 137 138 139 140 188