734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

ДУШАНБЕ, 26.01.2018. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад. Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон омадааст: «Муҳтарам Игор Николаевич, Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистон ва Молдова — 25-солагии истиқрори равобити дипломатӣ байни давлатҳоямон табрик мегӯем. Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Молдова дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ хислати рушди пайгирона доштанд. Изҳори итминон менамоям, ки бо […]

01.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон (Солномаи Пешвои миллат – 2017)

Соли 2017 бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва таҷлили бошукӯҳи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла 20 – солагии Ваҳдати миллӣ, 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 – солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 – солагии қабули Парчами давлатӣ ва “Соли ҷавонон” барои тоҷикистониён ва тоҷикони олам соли басо хотирмону таърихӣ буд. Дар ин сол, инчунин, аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти бонуфузи сайёра – Созмони Милали Муттаҳид 25 сол сипарӣ гардид. Дар ин соли бобарор ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо якчанд давлати олам, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Франсия ва Малайзия, 25 сол пур шуд. […]

24.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

МИНБАЪД ҚӮРҒОНТЕППА БОХТАР, САРБАНД – ЛЕВАКАНД, БОХТАР – КӮШОНИЁН НОМ БУРДА МЕШАВАНД. Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон

0 январи соли 2018 мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд. Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Леваканд, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи […]

22.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Тасдиқи рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки […]

22.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи Наврӯзгоҳ ва шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт

21 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд. Дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ […]

21.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 134 135 136 137 138 147