734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе Омӯзгорони арҷманд ва донишҷӯёну хонандагони азиз! Муҳтарам устодон ва донишҷӯёни Академияи вазорати корҳои дохилӣ! Ҳамватанони гиромӣ! Имсол мулоқоти анъанавии мо ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил якҷо бо ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон – бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат, омӯзгорону донишҷӯёни Академия, устодону толибилмони ҳамаи муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кулли кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва сокинони мамлакатро самимона табрик мегӯям. Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар […]

30.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

ПАНҶ: Варзишгоҳи марказӣ ба истифода дода шуд

18 август дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ иншооти муҳими соҳаи варзишро ифтитоҳ карда, онро ба ҷавонони ноҳия ва варзишгарон тақдим намуданд. Корҳои азнавсозии варзишгоҳ соли 2015 оғоз гардида, бо сифати ба талаботи стандартҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳриёр”-и шаҳри […]

21.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар Кӯрғонтеппа

17 августи соли ҷорӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ бахшида ба таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода додани якчанд иншооти гуногун ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф овард. Абдуҷаббор Раҳмонзодаро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим ва масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамроҳӣ намуданд. Баъд аз буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода биноҳои нави Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа ва бинои истиқоматии панҷошиёна дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” ба фаъолият оғоз намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, бинои Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар муҳлати 2,5 сол […]

18.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат бо шароити таълим дар МТМУ №56 барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Вахш шинос шуданд

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бо шароити таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои кӯдакони лаёқатманд, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, шинос шуданд. Барои пурра аз таъмир баровардани мактаб наздики 4 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст, ки он аз ҷониби як гуруҳ шахсони саховатпешаи ноҳия, аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат амалӣ карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” моҳи декабри соли 2016 оғоз гардида, моҳи августи соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор […]

18.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон дар маркази ноҳияи Вахш оғоз шуд

Дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 август бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд. Зимни муаррифии лоиҳаи ин иншоот ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши лоиҳа 38 миллион сомониро ташкил дода, барои 3000 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, маҷлисгоҳ, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамзамон дар шафати бинои Коллеҷ барои 400 нафар хобгоҳ сохта мешавад, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии бино 8 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Президенти […]

18.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 132 133 134 135 136 140