734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов

Имрӯз дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин […]

10.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ […]

10.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ

Ҳамватанони азиз! Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд. Зеро соле, ки сипарӣ мегардад, барои мардуми кишварамон давраи заҳмати софдилона ба хотири пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон буд. Чанд рӯз пештар дастовардҳое, ки мо дар зарфи соли 2017 ба онҳо муваффақ шудем, инчунин, вазифаҳо барои соли […]

01.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

“Соли ҷавонон” – соли тиллоӣ

Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид. Ташаббус гардидани ин иқдоми наҷиб агар аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоӣ-демографӣ ва сиёсӣ-стратегӣ рабт дошта бошад, аз тарафи дигар ҷанбаи таърихӣ дорад. Зеро насли ҷавони кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мустақилияти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият — сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами Ҳукумати кишвар буданду ҳастанд. Ба назар чунин расид, ки дар “Соли ҷавонон” ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва созандагии ҷавонон боз ҳам боло рафта, онҳо аз худ чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дарак доданд. Гузашти ин сол […]

31.12.2017 Нет комментариев Читать далее>

Оғози сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

9 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳзода Алия, ки ба хотири ташрифи Сарвари давлати Тоҷикистон бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Шоҳигарии Ҳошимии Урдун самимона истиқбол гирифтанд.

09.12.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 130 131 132 133 134 140