734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири ҶСК “Авитсенна” дар шаҳри Ҳисор

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи ҷавонони шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд. Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 35 номгуйи маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб, маска ва дигар навъи маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст. Корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат аз тарафи ширкати “Авитсена” бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, дар он чанд нафар сокинони маҳаллӣ […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории ватанӣ – ҶДММ “Ситабр Агро” дар шаҳри Ҳисор

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор дар деҳаи “Ҷавонон” Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситабр – Агро”-ро ифтитоҳ карданд. Корхонаи “Ситабр – Агро” дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамар аз иқтидорҳои мавҷуда дар мамлакат сохта шуда, бо хатҳои технологии муосир таъмин мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи ноябри соли 2018 дар доираи нақша – чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ асосан […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ – табобатии “Нури Сино” дар шаҳри Ҳисор

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор Маркази ташхисӣ – табобатии “Нури Сино”-ро ифтитоҳ карданд. Муассисаи мазкур дар Маркази хизматрасонии “Ҳисор плаза” ҷойгир буда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази ташхисӣ-табобатӣ оғоз бахшида, ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро ибратбахш маънидод карданд. Маркази ташхисӣ-табобатии “Нури Сино” аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаррух” Иззатулло Розиқов бунёд гардида, дорои шароитҳои пешрафтаи ташхису табобат мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ насбу васл шуда, барои фаъолият мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд. Дар маркази […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии Ҳисор

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд. Маркази калони байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Ҳисор” дар кӯчаи Уроқ Аловиддинов ҷойгир буда, бо тарҳи хело зебо ва замонавӣ бунёд гардидааст. Иншооти муосир аз 3 ошёна иборат аст ва дорои шароиту имконоти мусоиди хизматрасонии сатҳи баланд мебошад. Бинои наву замонавӣ дар масоҳати умумии 16 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, барои идомаи фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар мамлакат макони мусоиди корию хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Ҳисор” дар доираи тадбирҳои ободонӣ баҳри […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи бинои кӯдакистони “Кабутар” барои 250 нафар дар шаҳри Ҳисор

18 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии “Кабутар”-ро барои 250 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қаблан дар ҳудуди маҳаллаи мазкур чунин кӯдакистони замонавӣ мавҷуд набуд. Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, 11 синфхонаи барҳавои таълимӣ, ошхона, толори алоҳида барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзиши сабук ва утоқҳои корӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2019 бо ҷалби беш аз 100 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ оғоз ёфта, он дар муҳлати 1 сол бо тарҳи хело зебо ва ҷавобгӯй ба талабот мавриди истифода қарор дода […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 183