734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Баррасии масоили ҷавонон дар вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Гипрозем

9 феврали соли равон дар доираи татбиқи нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини сохторҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ бо сокинони маҳаллаи Гипрозем доир гардид. Дар ҷараёни мулоҷот бо сокинон аз ҷониби масъулин маъалаҳои муҳими ҳаёти наврасону ҷавонон, ки дар Паёми имсола ироа гардиданд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Дар вохӯрӣ Амирбекзода Ҳабибулло муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Саймуддинов Аббосиддин, намояндагони Маҷомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хадамоти муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд Аз ҷумла, […]

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷаласаи сайёр дар Варзоб

9 феврали соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷаласаи сайёр бо иштироки рохбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ ва мудирони бахшхои ҷавонон, варзиш ва сайеҳҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Ҳисор ва Турсунзода доир гардид. Дар ҷаласа Ризо Назарзода муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷроиши нақша-чорабиниҳои Кумита дар нимсолаи аввали соли 2016 ва қарори ҳайати Мушовараи Кумита аз 8 январи соли 2016 баромад карда, аз масъулин иҷроиши босамари онро тақозо кард. Дар ҷаласа инчунин оид ба баъзе масъалаҳои ҷавонон дахл карда шуда, гуфта шуд, ки баҳри пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуб ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳо […]

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Шанбегии умумишаҳрии ҷавонон дар Қурғонтеппа

Бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф ва дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амалиёти ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” роҳандозӣ гардида, дар шаҳру навоҳии мамлакат шанбегиҳо бо иштироки васеи ҷавонон баргузор мегарданд. Дар доираи ин чорабиниҳо дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон шанбегии умумишаҳрии ҷавонон зери унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” бо иштироки бештар аз 5300 нафар ҷавонон, донишҷӯён ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ доир карда шуд. Иштирокчиён дар шанбегӣ гирду атрофи маҳалаву гулгаштҳоро тозаю озода намуда, бехи дарахтони гуногунро нарм карданд.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо донишҷӯён дар партави Паём

9 феврали соли ҷорӣ вохӯрии Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино доир гардид. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда, онро ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ кард. Зимни баромад аз нуктаҳои Паём вобаста ба ҷавонон ва соҳаи тиб, таҳсили донишҷӯёни риштаи тиббӣ  ёдоварӣ карда шуд. Дар фарҷом қайд карда шуд, ки ҷавонони саодатманду хушиқболи даврони истиқлол, дар ҷавоб ба ғамхориву таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар илму донишҳои муосирро аз худ намуда, ақлу заковати зеҳнӣ ва зиракию ҳушёрии худро баланд бардоранд. Ҳамзамон […]

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳияҳои дурдаст

Намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан бо ҷавонон мулоқот карда, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, хушунат, никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ маърӯза намуданд. Дар мулоқот  гуфта шуд, ки ҳадафи корҳои фаҳмондадиҳӣ ин пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз қабили вайроншавии оилаҳо, шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва никоҳи хешутаборӣ мебошад. Мадина Ҳомидова муовини сардори раёсат зимни  вохӯрӣ гуфт, ин мулоқотҳо дар партави Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифта, масъулин ҷиҳати мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ меандешанд.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 953 954 955 956 957 973