734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Шаҳритуз: Мулоқоти намояндагони Кумита бо сокинон

18 марти соли ҷорӣ бо мақсади амалӣ намдуани бандҳои нақшаи чорабиниҳои муштараки нуҳҷониба доир ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”мулоқоти масъулин бо сокинони ноҳияи Шаҳритуз баргузор карда шуд.  Дар мулоқоти мазкур масъулини Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, телевизион ва радио ва кор бо занон ва оила иштирок намуданд. Шоҳзод Раҳимов сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни баромади хеш доир ба ҷоннок намудани фаъолияти Ассотсиатсияҳои волидайн ва саҳми волидайн дар табиқи […]

19.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз Пойтахт оғоз гардид

  18 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи он роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва меҳмонону сокинони шаҳр иштирок намуданд. Фестивали мазкур бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас баргузор карда шуда, баргузории ҳамасолаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар […]

19.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Айнӣ: Мулоқот бо ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон.

Санаи 16 марти соли 2016 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти раиси ноҳия бо ҷавонон баргузор гардид.  Дар мулоқоти мазкур роҳбарони ташкилоту муасиссаҳои дахлдор ва зиёда аз 300 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Нахуст, Неъматулло Раҳматуллозода раиси ноҳия ба сухан баромада, иброз намуд, ки мулоқоти мо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз эълон гаштани Соли ҷавонон истиқбол намуда, бо ғайрату илҳоми тоза ҷиҳати татбиқи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон саъю талош доранд. Инчунин қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи хеш соли 2017 -ро ҳамчун Соли ҷавонон пешниҳод намуданд, ки ин боиси […]

19.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Тантанаҳои Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Бохтар

17 март бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нощияи Бохтар дар ҷамоати деҳоти Ориён “Наврӯзии ҷавонон” баргузор карда шуд. Нахуст, Парвиз Азимов мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар суханронии худ фарорасии Наврӯзи хуҷастаро, ки он бо ташаббуси Пешвои миллат мақоми байналмилалӣ гирифтаасту аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик гувоҳи медиҳад ҷавонону иштирокдоронро табрик намуд. Барномаи “Наврӯзии ҷавонон”-ро хурокҳои миллие, ки аз ҷониби бонувону духтарони чеҳрадаст омода гардида буданд ҳусну таровати дигар бахшид. Қисмати дигар чорабини “Наврӯзии ҷавонон” ин барномаи фарҳангию фароғати ва варзишӣ ба ҳисоб мерафт, ки он баҳри болидахотирии иштирокдорон баргузор гардида дар фарҷом барои иштироки фаъолона ва саҳмгузории ҷавонони фаъолу ташаббускори ноҳияи Бохтар барои дар сатҳи баланд […]

19.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Хуҷанд: Дастаи “Шёлкомбинат” чемпиони шаҳр шуд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, низомномаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи шаҳр аз санаи 3 то 18 марти соли 2017 дар майдончаҳои сунъи футболи “Боғи Ғалаба” – и маркази вилоят мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд” байни маҳаллаҳо, идораҳо ташкилотҳо ва корхонаҳо бахшида ба Иди байналмиллалии Наврӯз ва “Соли ҷавонон” баргузор гардид. Дар мусобиқа 16 даста ва 240 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Дар натиҷа ҷои якумро дастаи “Шёлкомбинат” ва ҷои дуюм дастаи “Помир” сазовор гардиданд. Ба ғолибон медал, диплом ва Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷандро муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Ақдодов Хуршед ва […]

18.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 750 751 752 753 754 867