734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маркази фарҳангии ҷавонон – “Ориёно” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни ин чорабинӣ тамоми бонувонро ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, зикр кард, ки модарон дар баробари тарбияи фарзанд ва пешрафти ҷамъият нақши назаррас доранд. Дар ин чорабинӣ озмунҳои гуногуни эълоннамудаи Кумита аз ҷумла озмуни шеъру таронахонӣ таҳти уновни “Модар, ҳаёт ва ишқ”  ҷамъбаст гардид. Дар озмун аз тарафи донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ шеъру сурудҳои баҳор, модар, ҳаёт ва ишқ суруда шуд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”-ҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гаштанд. Пеш аз оғози чорабинӣ дастранҷи ҷавонони Колеҷи […]

07.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Дастгирии ҷавондухтарони ниёзманд

Бо ташаббусу ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модар, имрӯз намояндагони Кумита 6 нафар ҷавондухтарони ниёзмандро аёдат намуданд. Ба 5 ҷавондухтарон бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатӣ, сатҳи зиндагӣ ва дастгирии ичтимоӣ аробачаи маъюбӣ ва 1 нафар мошинаи дарздӯзӣ ҳадя карда шуд. Масъулини Кумита зимни аёдат қайд намуд, ки ин табақаҳои ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар буда, барои беҳтар гардидани вазъи зиндагӣ ҳамаи тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Ҳадаф аз баргузории ин иқдом ин пеш аз ҳама татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳуукмати ҷумҳурӣ ва дастгирии ҷавонон, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз созандагию бунёдкорӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Зикр бояд кард, […]

04.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Озмуни шеъру таронахонӣ донишҷӯёнро ба ҳам овард

2 март дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон озмуни шеъру суруд таҳти унвони “Шеъру таронахонӣ дар васфи баҳор, модар, ҳаёт ва ишқ” баргузор гардид. Дар он донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе ширкат варзида, шеъру таронаҳо қироат намуданд. Озмуни мазкур бо ташабуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид. Меҳмонон, ки аз донишгоҳу донишкадаҳо ташриф оварданд ба маҳорати шеърхонии донишҷӯён баҳои баланд доданд.

04.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Душанбе: Мулоқот бо донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории Тоҷикистон

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии намояндагони мақомоти амният, суд, прокуратура ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар Шохмансур бо ҷавонон ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории Тоҷикистон доир гардид. Мақсад аз баргузории мулоқот пешгирии ҷавонон аз гаравидани ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, равияи мамнуъи салафия, омилҳои коррупсионӣ ва муқовимат бо коррупсия, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонунгузорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва расонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Конститусия( Сарконун)-и Ҷумуҳрии Тоҷикистон арзебӣ мегардад. Дар ин вохӯрӣ масъулин вобаста ба мавзуъҳои зикргардида андешаронӣ карда, ҷавононро ба аз бар намудани илму дониш ва парҳез аз ҷинояту қонунвайронкунӣ даъват намуданд.

02.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Бадахшон: Вохӯриҳо дар партави Паём

2 марти соли 2016 бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хоруғ ва Ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон Созандагони Ватан дар вилоят дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ суҳбату вохӯриҳо оид ба расонидани мафҳум ва муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Сураҷ Чоршанбиев, Масрур Мирғарибов ва Солеҳҷон Амирҷонов бо намояндагӣ аз раёсат ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилоят ва шаҳр иштирок намуда, вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститусияи кишвар маърӯза намуданд. Донишҷӯён низ […]

02.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 712 713 714 715 716 739