734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


2-нафар ҷавони маъюб соҳиби хонаи истиқомати гардиданд

Ба мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии маъюбону ятимон ва шахсони бекасу ноҳияи Файзобод  тавассути ҷалби соҳибкорони ҷавон ва шахсони эҳсонкор барои 2-нафар ҷавони маъюб, ки дар як оила зиндагӣ мекунанд ва шароити зисти мусоид надоштанд, як хонаи истиқоматӣ бо шароитҳои зист барои маъюбон ҷавобгӯ бунёд намуданд. Бино бо хароҷоти  зиёда аз 80000 сомонӣ бо тамоми шароитҳо  сохта  шуда рӯзи 24 декабри соли 2015 хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии расмии хона муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло,  Раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ сипоснома аз номи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш […]

24.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни Донишкадаи энергетики

18 декабри соли 2015 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии шаҳри Қурғонтеппа бо устодону донишҷӯён ва ҷавонони фаъол мулоқот баргузор намуд. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосогузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат” андешаронӣ карданд. Таъкид карда шуд, ки қонуни мазкур дар асоси пешниҳоду дархости бевоситаи халқ бахусус, ҷавонон ва чонибдории вакилони мардумӣ қабул гардида, барои пойдор гардидани Ваҳдат ва боз ҳам ба ҳам овардану муттаҳид намудани миллат таъсири мусбат мерасонад. Зимни мулоқот Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба дигар масъалаҳои ҳаётии ҷавонон суханронӣ карда, ҷавононро ба пос доштани муқаддасоти милли, арҷ гузоштан […]

19.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Аҳтам Абдуллозода ҳимояи арзишҳои миллиро дар конфронс муҳим арзёби намуд

Дар конфронси ҷумҳуриявие, ки имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» ба кори худ шурӯъ кард, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон Аҳтам Абдуллозода оид ба падидаҳои гуногуни номатлуб дар ҷомеа пайдогардида маърӯза намуд. Дар суханронияшон таъкид доштанд, ки дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ  бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст. Аҳтам Абдуллозода масъалаҳои мубрами рӯзро, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳалука гузоштааст мавриди  баррасӣ қарор дод: Ҳамзамон Аҳтам Абдуллозода терроризму экстремизм, ҳуҷуми фарҳанги бегона, ҷанги иттилоотӣ, нашъамандӣ ва бемории ВНМО/БПНМ-ро яке […]

18.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Суруди миллӣ аз ҷониби 630 нафар ҷавонону донишҷўёни фаъол зинда дар оғози конференсия садо дод шуд.

Имрӯз дар толори «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» оғоз гардид. Дар конфронси мазкур Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, Муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Раиси шаҳри Қурғонтеппа Амирулло Асадулло, сардори Раёсат Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар ва бештар аз 630 нафар ҷавонону донишҷўёни фаъол аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок доранд. Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, иштирокчиён онро […]

18.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи гарми ҷавонон дар шаҳри Қурғонтеппа

Аз 18 то 19-уми декабри соли 2015, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» баргузор мегардад, ҷавонону донишҷӯён аз тамоми манотиқи кишвар барои иштирок дар ин чорабинии муҳим 17-уми декабри соли 2015 ба шаҳри Қурғонтеппа сафарбар гардиданд. Иштирокчиёни конференсияро дар даромадгоҳи ноҳияи Бохтар Раиси ноҳияи Бохтар Ҷабборӣ Ғаффор, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Фариза Абдуллоева бо иштироки васеъи ҷавонони фаъол дар як сатҳи баланд истиқбол намуданд. Дар кори семинар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират […]

17.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 603 604 605 606 607 618