734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Корвони ҷавон ба сӯи Бадахшон равона гардид

Тавре иттилоъ дода будем, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Нақша чорабиниҳо бахшида ба  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз санаи 16 то 20 июли соли ҷорӣ дар ВМКБ Форуми ҷавонони Тоҷикистонро таҳти унвони “Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар” бо доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, намояндагони вазорату идораҳо баргузор менамояд. Субҳи имрӯз корвони ҷавонони фаъоли кишвар, ки беш аз 100 нафарро ташкил медод, бо мақсади иштирок дар Форуми ҷавонон дар шаҳри Хоруғ, боздид аз мавзеъҳои таърихию маданӣ, […]

16.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Хосият Муллоева: «Тоҷикон аз қадим варзишро беҳтарин воситаи солим нигоҳ доштани тану рӯҳ медонистанд»

«Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш — гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму неруманд аҳамияти бузург дорад» Эмомалӣ РАҲМОН  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди  тарбияи ҷисмониву варзиш, оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари аҳолии  мамлакат ба ин соҳа тадбирҳои судманд андешида,    баҳри мунтазам инкишоф ёфтани   он ҳамаи шароити заруриро фароҳам меорад. Яке аз омилҳои асосии тандурустии аҳолӣ — ин ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим аст. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо духтури тарзи ҳаёти солими Маркази шаҳрии муоина ва назорати тиббии варзишгарон Хосият […]

16.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Таеквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии донишгоҳӣ дар шаҳри Поҳанги Кореяи Ҷанубӣ 3 медал ба даст оварданд.

Мусобиқа 10 июл оғоз гардида, то 15 июл идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқаи бонуфуз 3 варзишгар – Моҳру Ҳалимова, Муниса Исматова ва Шаҳризода Ҷабборова иштирок карда, 3 медал (2 тилло, 1 нуқра) ба даст оварданд. Тавре аз Федератсияи таеквондо (ВТФ)-и Тоҷикистон хабар доданд, Моҳру Ҳалимова дар вазни +73 кг ва Муниса Исматова дар вазни -57 кг ғолиб шуданд. Моҳру мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари Индонезия бо ҳисоби 8:5 ва дар финал бар варзишгари Непал бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард. Муниса низ, дар даври нимфинал варзишгари Комбоҷаро бо ҳисоби 18:5 ва дар финал варзишгари мизбонро бо ҳисоби 23:3 шикаст дод. Шаҳризода Ҷаборова дар вазни -53 […]

13.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба финали Ҷоми шаҳрдории Остона роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 16-солаи  Тоҷикистон   таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба бозии ниҳоии Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми шаҳрдории Остона роҳ ёфт. Дар бозии охири марҳилаи гурӯҳӣ  дастаи мунтахаби то  16-солаи Тоҷикистон  бо дастаи мунтахаби  то 17- солаи   «Остона»  рақобат намуд. Дар ин сабқати ҷолибу диданӣ   дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 дастболо шуда, роҳхати даври ниҳоии мусобиқаи мазкурро соҳиб шуд. Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 13 июл дар финал дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби  «Шахтёр U-17» (Қарағанда, Қазоқистон) рақобат мекунад. Вохӯрии мазкур дар Варзишгоҳи  «Астана-Арена», соати 16:30 ба вақти Душанбе баргузор мешава

13.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои охир дар воситаҳои ахбори омма хабарҳои зиёд оид ба таъқиби ҷиноятӣ ва вазнинии ҳукми суд нисбат ба шаҳрванд Мирсаидов Х. Ҳ. ба табъ расида, дар баъзе аз чунин хабарҳо ин ҳолат ба рӯзноманигор будани номбурда вобаста карда, ҳатто ба омилҳои сиёсӣ доштани парвандаи ҷиноятӣ ишора карда шудааст. Аз ин лиҳоз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморад, ки ба масъалаи мазкур равшанӣ андозад. Қабл аз ҳама, бояд зикр намуд, ки дар парвандаи ҷиноятӣ ягон маълумот оид ба фаъолияти сиёсӣ ва ё рӯзноманигории Мирсаидов Х. Ҳ. мавҷуд набуда, номбурда барои он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд маҳкум карда шудааст, ки ҳангоми ба ҳайси роҳбари дастаи […]

13.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 562 563 564 565 566 867