734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Шоҳмансур: Шарафи варзишии мо самари Истиқлол аст

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” ва таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Шарафи варзишии мо самари Истиқлол аст ” бо мақсади рушд ва оммавию мукамалгардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиëсати иҷтимоӣ баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинон ва таъмини пайвастаи дастовардҳои беназири варзишгарон дар доираи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Шоҳмансур барои солҳои 2017-2021 баргузор гардид. Дар мизи мудаввар устодони варзиш, собиқадорони соҳа ва мураббиёну варзишгарони ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – […]

08.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

Дар ноҳияи Ховалинг маркази ҷавонон бунёд мегардад

Дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир ҷиҳати азхуднамоии донишҳои муосир, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати рушд ва ташаккули ҳунару истеъдод ва маҳорату малакаи наврасону ҷавонон ва ба ин васила фароҳам овардани рушди нерӯи инсонӣ дар шаҳру навоҳии кишвар бунёди Марказҳои ҷавонон бо маром идома доранд. Имрӯз зимни сафари корӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмонии Маркази ҷавонони ноҳияи Ховалинг дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки сохтмони Маркази ҷавонони ноҳия аввали моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, бо маблағи 2,5 миллион […]

08.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

Маросими гусели варзишгарони тоҷик ба 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё

Санаи 9 августи соли 2018 (соати 8:30), дар арафаи таҷлили Рўзи варзишгарони Тоҷикистон 10 – август, дар бинои Кумитаи миллии олимпии кишвар, маросими гусели варзишгарони тоҷик ба 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё доир мегардад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, аз 18 август то 2 сентябри соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Ҷумҳурии Индонезия 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мегардад, ки дар он иштироки 10000 варзишгар аз 45 давлати қораи Осиё дар назар дошта шуда, ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш, ки дастаи яккачини Тоҷикистон дар 15 намуди он аз қабили футбол (бонувон) – 18 нафар, варзиши сабук – 6 нафар, ҷиу-ҷитсу – 3 нафар, кураш – 8 нафар, самбо – […]

08.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш  бахшида ба “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” санаи 7 августи соли 2018 мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини  дзюдо миёни наврасону ҷавонони то 23 сола баргузор карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 70 нафар варзишгарон иштирок ва дар вазнҳои алоҳида бо ҳам рақобат намуданд. Дар фароҷоми мусобиқа ғоилибон ва ҷоизадорон бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи Раёсат қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин дар толори варзишии Муассисаи давлатии  Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №2 шаҳри Душанбе  оид ба таэквондо  Чемпионати шаҳри Душанбе байни наврасону ҷавонон оид ба […]

07.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

Таъсиси Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 

Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оммавигардонии варзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати мураббиёну устодони варзиш, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, № 358 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» таъсис ёфт. Марказ метавонад барои баланд бардоштани маҳоратии касбии мураббиёну устодони варзиш, ки дар саросари кишвар ба омода намудани варзишгарон ба мусобиқоти байналмилалӣ  заминагузорӣ намуда, ҳамзамон барои омода намудани кадрҳои ҷавон дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш басо муфид […]

07.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 561 562 563 564 565 880