734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.01.2018 19:13, шаҳри Душанбе Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуд. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ […]

19.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда мешаванд. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии […]

18.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ

Бахшида ба соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Маҳфили стипендиатҳои ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумита мизи мудаввар таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” баргузор гардид.  Дар кори он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Дилноза, гирандагони стипендияи Президентӣ, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд. Аҳмадзода Дилноза зимни суханронии худ иброз дошт, ки Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои дунё аст, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он шудаанд: “Талошҳои пайвастаи роҳбари давлат бо ташаббусҳои наҷибона барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии ин қавми ориётабор беназир аст […]

17.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мактабиёни тоҷик дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «IZHO-2018» соҳиби 11 медал шуданд

Аз 10 то 16 январи соли равон  дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «IZHO-2018» аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар  олимпиадаи мазкур  довталабон аз 15 давлати дунё: Тоҷикистон, Россия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Туркманистон, Туркия, Индонезия, Сербия, Руминия ва Булғория ҷамъ омада, байни ҳам рақобат намуданд. Тавре  аз Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии  дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд,  дар олимпиада Тоҷикистонро 5 даста муаррифӣ намуда, новобаста аз рақибони пурзӯр онҳо тавонистанд миёни дигар кишварҳо бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ Парчами ҷумҳуриро боло  бардоранд. Дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков Абубакр Усмонов  сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Инчунин  Меҳрон Бобохонов, Наимҷон Хонҷонов, […]

17.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 560 561 562 563 564 752