734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли хониши 2018 -2019 эълон менамояд. Ба маълумоти тамоми хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мерасонем, ки бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон озмуни стипендияи Президентӣбарои соли хониши 2018 – 2019 баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз, довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ноҳия/ шаҳрро, ки давоми ду соли охир бо баҳои аъло таҳсил кардаанд, […]

19.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Варзишгарони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 17 июл дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон  ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали рақобатҳо варзишгари шинохтаи  тоҷик Азмуддин Ваҳҳобов дар вазни 130 кг сазовори медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар даври чорякфинал бар варзишгари Амороти Муттаҳидаи Араб Бадер Алӣ Аҳмаднур Ҳасан Алалӣ бо ҳисоби 9:0 ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари мизбон Арйан Панвар бо ҳисоби 4:5 мағлуб гардид. Азмуддин сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Япония Акимишӣ Сакаӣ бо ҳисоби 8:0 пирӯз шуд. Паҳлавони  дигари тоҷик Далер […]

19.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шамшербозӣ баргузор мегардад

21 – 22 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Шамшербоз” байни ҷавонону наврасони солҳои тавалудашон 1997- 2001 бахшида ба хотири гиромидошти устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ оид ба шамшербозӣ Абдулхайр Усмонов баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур дастаи Хатлон – 2 бо ҳайати 20 нафар варзишгар, Душанбе – 1 бо ҳайати 10 нафар варзишгар, Душанбе – 2 бо ҳайати 10 нафар варзишгар ва дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҳайати 10 нафар варзишгар дар ин мусобиқот баҳри дарёфти мақомҳои ифтихори сабқат хоҳанд кард.

19.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ дар соли 2018

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии ҷавонони  соҳибистеъдод, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/технологияҳои иттилоотӣ) барои соли 2018 озмун эълон менамояд.          Ҷоиза аз рӯйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешавад: адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор); рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад); барномасозон (ихтирокорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз […]

18.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

Саёҳати ҷавонони тоҷик дар шаҳри Синдаои кишвари Хитой

Пас аз маросими расмии кушодашавии Лагери ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Синдаои кишвари Хитой баргузор гардида истодааст, иштирокчиёни лагер аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳри мазкур дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки лагери мазкур соли сеюм аст, ки дар Ҷумҳурии халқии Хитой баргузор мегардад, ки дар он ҷавонони давлатҳои аъзо иштирок менамоянд. Дар лагери мазкур аз Тоҷикистон 10 нафар ҷавонони фаъоли кишвар иштирок доранд. Иштирокчиёни лагер рӯзҳои 16 ва 17 июл сараввал дар баҳри шаҳри Тсиндао саёҳат намуда, сипас аз корхонаҳои бузурги саноатии ин шаҳр, аз қабили корхонаҳои Хайер, Тгуд, Шолии баҳрӣ ва қасри фарҳангӣ- фароғатии Лушан Тайтсини шаҳри Синдаоро тамошо карданд. Иштирокчиёни Лагери мазкур на […]

18.07.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 559 560 561 562 563 867