734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Пешгирии муқовимат ба савдои одамон

Имрўз 9 феврали соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки нуҳҷониба бо вазорату идораҳои дахлдор дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи “Пешгирии муқовимат ба савдои одамон – таъмини ҳаёти осоишта”баргузор гардид. Лозим ба ёдоварист, ки дар чорабинии мазкур намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила ва оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ […]

09.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе шинос шуданд. Дар асоси лоиҳа, ки бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода шудааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд. Ин масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар ин иншооти бузург беш аз 350 нафар коргарон фаъолият […]

09.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд. Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд ва ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Дилором Рустам”, “дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Набӣ […]

09.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Восеъ: баргузории силсалачорабиниҳо байни наврасону ҷавонон

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ    дар асоси Нақша чорабиниҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба фарогирии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар таътили зимистонаи соли 2018 силсила чорабиниҳои варзишию солимгардониро дар байни наврасону ҷавонон баргузор намуд. Бояд қайд намуд, ки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар давоми таътили зимистонаи наврасону ҷавонон         бо ҷалби васеи ҷавонон аз рўи 14 намуди варзиш: намудҳои футбол, волейбол, туби дастӣ, баскетбол, тениси рӯи миз, шоҳмот, шашка, гуштини миллӣ, гуштини дзю-до, гуштини самбо, таэквандо, бокс, муайка-1, варзиши сабук  баргузор намуд.  Дар мусобиқаҳои мазкур беш аз […]

08.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

ҲНИТ – сачашмаи террору даҳшатафканӣ дар Тоҷикистон

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд  сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҷаҳду талош варзанд. Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатӯзӣ, фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва […]

08.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 553 554 555 556 557 753