734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Ҳашарҳои умумии тозагиву ободони ҷавонону варзишгарони пойтахт

Рӯзҳои 11 – 12 марти соли 2017 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил намудани корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, объектҳои иҷтимоию маишӣ, маҳали зист, кӯчаю хиёбонҳо, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, обод намудани гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шащри Душанбе ҳашарҳои умумии тозагиву ободонӣ ва кабудизоркунӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз  1785 нафар ҷавон дар ҳашарҳои умумии тозагиву ободонӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, № 9-ф, вобаста ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди […]

13.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи қайиқронҳои Хуҷанд баргузор гардид.

Санаҳои 11-12 марти соли 2017 дар тамрингоҳи «Сирдарё» бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» ва Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба қайиқрони байни ҷавонон баргузор гардид. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур тарғиби варзиши намуди қайиқронӣ ва муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 60 нафар варзишгарон иштирок намуда барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд кӯшиш намуданд. Мусобиқа аз рӯи тай намудани масофаҳои пешбинигашта дар каноэ ва қайиқ доир гашт. К-1200 метр байни писарон С-1200 метр байни писарон 1. Азизов Амирҷон 1. Бобоҷонов Бобоҷон 2. Қаҳоров Дамир 2. Зубайдов Ғаниҷон 3. Ашрапов Нурмуҳаммад 3. Бобоҷнов Қобилҷон К-1500 метр байни писарон С-1500 […]

13.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҳамоиши волонтёрон таҳти унвони “Ташаббусҳои волонтёрон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон”

10 – уми марти соли  2017 дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ҳамоиши волонтёрон таҳти унвони “Ташаббусҳои волонтёрон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон” ба муносибати соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 багузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсат ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои пойтахт, гуруҳи волонтёрон аз ташкилоту корхонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, макотиби миёна, касбииву олӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.  Нахуст, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, иброз дошт, ки  фаъолияти самарабахши волонтёрон ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои оммавӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ назаррас мебошад. Ҳамчунин зикр […]

13.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Нахустин бизнес-конекти соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид.

11 марти соли ҷорӣ дар спорт – бар “Истиқлол” бо ташаббуси КВД “Клуби соҳибкорони ҷавон” – и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бизнес – конекти соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Клуб, соҳибкорону тоҷирон, намояндагони ширкатҳои бонуфузи Тоҷикистон ва Чин ва дигарон иштирок намданд. Сипас директори Клуби соҳибкорони ҷавон Дилшод Ҷураев ҳозиринро ба муносибати 25-солагии муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин шодбош гуфта, ташаббуси баргузории бизнес-коннектро дар Соли ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, як қадами устувор баҳри рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонони тоҷик унвон кард. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур Илҳом Махкамбоев, […]

13.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

Олимҷон Зоҳидзода сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таъин гардид

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Раиси вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таъин гардид. Муаррифии сардори нави Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар маҷлисгоҳи Қасри варзиши маркази вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ баргузор шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, Олимҷон Зоҳидзода то лаҳзаи таъин шуданаш ба вазифаи сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Ӯ дар чанд соли ахир мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Назира Ғаффорӣ зимни муаррифии роҳбари нави раёсат аз дастгириҳои давлатии ҷавонон ёдовар шуда, изҳори умед намуд, […]

13.03.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 552 553 554 555 556 666