734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акрабатикаи варзиши ва ҷаҳиш дар батут

Рӯзҳои 1-2 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акрабатикаи варзиши ва ҷаҳиш дар батут баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 60 нафар варзишгарон аз вилояти Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Бо ба даст овардани бештари имтиёзҳо  варзишгарони шаҳри Душанбе ҷойи аввал, дастаи Хатлон ҷойи дуюм ва ШНТҶ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон диплому медалҳо тақдим карда шуд.

03.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Гӯштини миллӣ байни ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзҳои 2 – 3 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни ҷавонон доир карда шуд. Дар ин мусобиқа зиёда аз 123 варзишгар аз дастаҳои Хатлон – 1, Хатлон – 2, Суғд, Душанбе – 1, Душанбе – 2 ва ШНТҶ ширкат варзиданд. Дар ҳайати даставӣ бо ба даст овардани бартарият дастаи Хатлон 1 ҷойи аввал, дастаи Хатлон – 2 ҷойи дуюм ва Душанбе – 1 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон диплому медалҳо тақдим карда шуд.

03.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Хуҷанд: Оғози мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ

1 – октябри соли ҷорӣ, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни ҷавонони то 21 сола оғоз  гардид. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур намояндаи Кумита Абдулло Маҳмадализода, Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суѓд иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи ҷавгонбозии шаҳри Хуҷанд доир гардида,  дастаҳо аз вилоятҳои Суѓду Хатлон, ШНТМ ва шаҳри Душанбе  иштирок менамоянд.

02.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохурии масъулини Кумита бо сокинони ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент

29 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мавзӯи “Гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” чорабинӣ баргузор гардид. Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, оид ба ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он аз ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияти давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд ва огоҳ сохтани мардум, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои нохуш суханронӣ намуд. Ҳамчунин аз ҷониби ШВКД ҶТ дар вилояти Суғд атрофии фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ суҳбати судманд доир шуд. “Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои […]

30.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Бар зидди терроризм ҳама бояд мубориза барем

Имрӯз, 30 сентябр, бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018, бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояту ҷинояткорӣ намояндагони Прократура, Кумитаи кор бо занон ва оила, Шуъбаи Вазорати корҳои дихилӣ ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мулоқот карданд. Мирзозода Азизахон, ёрдамчии прокрори ноҳияи И. Сомонӣ дар баромадаш, аз ҷумла иброз дошт: “Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм, […]

30.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 544 545 546 547 548 615