734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Пирӯзии Дилшод Назаров тӯҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун омили тавонои таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб ёфта, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад. Самараи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ варзишгарони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя менамоянд ва ба ифтихори ғолибияти онҳо парчами кишвари азизамон парафшон мегардад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба варзишгарони мамлакат имконият фароҳам […]

22.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Марафони велосипедронӣ

20 август дар қаламрави кишвар Марафони велосипедронӣ бахшида 25 – солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи кишвар доир шуд. Нахсуст раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода иштирокчиёни марафонро бо медали тиллои гурзпартои машҳури тоҷик Дилшод Назаров, ки дар дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро ба даст овард, шодбош намуда, зикр кард, ки ин тӯҳфаи арзанда ба истиқболи 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам […]

20.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Саломатии ҷомеа – боигарии давлат

Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи Пойтахт” ҳудуди 1000 нафар дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки ҳар рӯзи шанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешаванд, иштирок карданд. Нахуст иштирокчиён аз дастболо гардидани варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро истиқбол намуда, машқҳои пагоҳирўзии имрӯзаро ба ифтихори ин варзишгари маъруфи тоҷик оѓоз намуданд. Дар он ҳамчунин масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, муассисаҳои варзишӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт ҳузур доштанд. Хотирасон менамоем, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ аз 6 августи соли равон ҷиҳати […]

20.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ибораи Дилшод Назаров Мо тавонистем

Cубҳи имрӯз, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба табрики модари Дилшод Назаров, голиби Бозиҳои тобистонаи олимпӣ – 2016 рафтанд. Зимни сӯҳбат Зайтуна Самадовна, модари гурзпартои тоҷик барои дастгирӣ дар рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва варзишгарон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат фарзандаш Дилшод Назаров ғолиби бозиҳои олимпӣ гардидааст. Ҳамзамон модари Дилшод Назаров қайд намуд, ки субҳи имрӯз зимни сӯҳбати телефонӣ Дилшод танҳо бо як ибора эҳсосоти худро баён намуд «Мо тавонистем!» Воқеан ҳам миллати тоҷик нерӯву қудрати бузург дошта, муаррифгару парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилал мебошанд. Дилшод Назаров гурзапартои […]

20.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Дилшод Назаровро бо медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ табрик намуд

20.08.2016 09:33, шаҳри Душанбе Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст. Ба андешаи Дилшод Назаров ғалабаи ӯ дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бо шарофати Ваҳдату истиқлол ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз талошҳову […]

20.08.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 515 516 517 518 519 578