734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Иншо: Ҷавонон зидди терроризм

Дирӯз, 28 сентябр, дар МТМУ №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳо, литсею гимназияҳои ноҳия дар мавзӯи “Ҷавонон бар зидди терроризм” озмуни иншои беҳтарин баргузор гардид. Абдулло Давлатзода,мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино қайд кард, ки мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур рушди фаъолияти эҷодии хонандагон, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди босифати таҳсилот, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва ҳавасмандии моддию маънавии онҳо мебошад. – Рисолати наврасону ҷавонон имрӯз пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои миллӣ, муқовимат бо андешаҳои тундгаро ва муқовимат ба терроризму экстремизм мебошад. Онҳо бояд дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ тарбия ёбанд ва ҳамеша пайрави андешаҳои […]

29.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон

Имрӯз бо ташаббуси филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дар ноҳияи Ёвон дар доираи лоиҳаи «Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон”  семинар –машварат  доир гардид. Дар семинар машварати мазкур намояндагони маҳаллаҳо, шӯрои занон, ҷавонони касбу кори гуногуни ноҳия ва намояндагони мақомоти ҳифзи хуқуқ иштирок намуданд. Лоиҳаи мазкур дар доираи маблағгузории Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018 бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Мақсад аз баргузории семинар машаварати мазкур ин пеш аз ҳама пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарѓиби либоси миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ ҷавонон ба ҳисоб меравад.

29.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Тоҷикистон мизбони сеюмин мусобиқаи байналмилалии Reggata -2016

Аз 30 – сентябр то 2 октябри соли 2016 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи экологии фарҳангии Помир 3- юмин мусобиқаи байналмилалии варзишӣ – сайёҳӣ оид ба қайиқронӣ (ё худ Reggata)  баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур дар кӯли калонтарини кишвар «Қарокӯл» доир карда шуда, дар он зиёда аз 25  варзишгар аз давлатҳои ИМА, Фаронса, Олмон, Канада, Шветсария, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ воситаи беҳтарини муаррифии имконоти туристии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби хоҳишмандону мухлисони ин намуди зебои варзиши сайёҳӣ ба Тоҷикистон мебошад.

29.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон пайвандгари арзишҳои соҳибистиқлолӣ

27 сентябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳо ва пос доштани муқаддасоти миллӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқот доир гардид. Давлаталӣ Сўфизода, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар баромади хеш  зикр доштанд, ки Ҳукумати кишвар сиёсати давлатии ҷавононро самти муҳим ва афзалиятнок муайян намудааст. «Бинобар ин, ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва барои ба камол расонидани насли боилму маърифат дар ҷумҳуриамон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст» – афзуд, Давлаталӣ Сӯфизода. […]

28.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Беҳдошти фазои экологӣ дар кишвар

Субҳи имрӯз бахшида ба 27 – сентябр «Рӯзи умумиҷаҳонии туризм» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Аксияи экологи таҳти унвони “Рушди туризми экологӣ” доир карда шуд. Дар Аксияи мазкур ҳазорон нафар ҷавонон дар марказҳои сайёҳӣ, гулгашту хиёбонҳо баромада гирду атрофи онро тозаву озода намуданд. Аксияи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии туризм доир карда шуд. Бояд қайд кард, ки шуруъ аз соли 1979 дар асоси Қарори Ансамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ 27 сентябр, ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии туризм» таҷлил карда мешавад.

24.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 508 509 510 511 512 578