734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Сафари бобарор: ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон вусъати тоза мегирад

Ҳафтаи гузашта муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ба давлати Ҷопон сафари корӣ ба анҷом расонид, ки дар доираи иштирок дар Бозиҳои XVIII зимистонаи Осиё бо роҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё ва як қатор президентҳои кумитаиҳои олимпии кишварҳои осиёӣ баҳри рушди ҳамкориҳои олимпӣ мулоқотҳои судманд доир намуд. Зимни мулоқоти хоса бо Шайх Аҳмад ал – Фаҳд ал – Сабоҳ  Презеденти Шӯрои олимпии Осиё маҷмӯи тадбирҳои вобаста ба рушди намудҳои алоҳидаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидани ҳамбастагии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ гардид. Шайх Аҳмад ал – Фаҳд ал – Сабоҳ  бо эҳсоси гарму муҳаббат аз сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар […]

28.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Балхӣ: мусобиқаи футбол байни маҳаллаҳо

Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” байни ҷавонони маҳаллаҳо мусобиқаи футбол баргузор шуд. Ба гуфтаи Хуршед Қурбонов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, мусобиқа байни 74 даста аз ҷамоатҳои деҳоти Фрунзе, Навобод, Гулистон ва Калелин сурат гирифта, аз ҳар ҷамоат як даста ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Даври дуюми мусобиқа дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъбаст мегардад.

28.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Волейбол: “Душанбе-1” ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Бо ташаббуси Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни дастаҳои мардона баргузор гардид. Дар мусобиқа 18 даста аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои теобеи ҷумҳурӣ ширкат карданд. Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайиёҳии вилояти Хатлон дар маросими кушодашавӣ ба варзишгарон муваффақият хостанд. Аз байни 18 даста 4 даста – “Душанбе-1”, “Хатлон-1”, “Душанбе-2” ва дастаи Ҷалолиддини Балхӣ ба даври ниҳоӣ баромаданд. Ҷои аввал насиби дастаи волейболбозони “Душанбе-1” шуд. Ҷойи дуюмро дастаи “Хатлон-1” ва ҷойи сеюмро дастаи “Душанбе-2” соҳиб […]

28.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш

27 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва муовини Вазири варзиши Федератсияи Россия Томилова Марина Владимировна дар заминаи ба имзорасонии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар доираи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои тарафайнро дар самти рушди соҳаи варзиш ва тахкими тарбияи ҷисмонӣ миёни ду кишвари шарики стратегӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷониби Россия ташаббуси пешниҳод ва ба имзорасонии Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи Роҳбарони ду давлат шоистаи таҳсин хонда, омодагии хешро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд. АҳтамАбдуллозода сиёсати имрӯзаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, […]

28.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Хуҷанд: Дар маҳаллаҳои шаҳр Шӯрои кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гаштани «Соли 2017- соли ҷавонон» ва таҳкими фаъолияти кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз санаи 23 феврали соли равон қарори дахлдорро ба имзо расонд,ки мувофиқи он минбаъд дар маҳаллаҳои маркази вилоят Шӯрои кор бо ҷавонон фаъолият хоҳад кард. Ҳамзамон мувофиқи қарор зикргардида шўрои мазкур ҳамчун зерсохтори шўъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, фаъолиятро дар мувофиқа бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда, дар татбики сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳаллаҳо масъулияти асосиро хоҳад дошт. Дар баробари ин […]

28.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 506 507 508 509 510 616