734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Тими ҷавонони кишвар ба чорякфинали чемпионати Осиё-2016 баромад

Тими ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бозии даври сеюми гурӯҳиро дар гурӯҳи “D” бо тими ҷавонони Австралия мусовӣ анҷом дода (0:0) ба даври чорякфинали чемпионати Осиё-2016, ки дар Баҳрайн ҷараён дорад, роҳ ёфт. Дар чорякфинал футболбозони ҷавони кишвар бо ҳамсолонашон аз Ҷопон вомехуранд. Бозӣ барои футболбозони ҷавони кишвар осон набуд. Австралиягиҳо тӯбро бештар идора мекарданд. Дар дақиқаи 5-ум довар аз Қатар ба дарвозаи тими ҷавонони мо пеналтӣ таъин кард. Зарбаи 11-метраи Антони Каликаро дарвозабони тими ҷавонони кишвар Беҳрӯз Хайриев тавонист бартараф кунад. Умуман Беҳрӯз дар ин бозӣ маҳорати хуб нишон дод. Дар дақиқаи 23-юм тӯб баъд аз зарбаи Муҳаммадҷони Ҳасан ба дасти ҳимоятгари австралиягӣ расид, аммо довар ин ҳолатро нахост […]

22.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

“Давлати исломӣ” фитна аст

Ҳодисаи охири ҷаҳони ислом гувоҳи онанд, ки ҷавонони зиёде ба гурӯҳҳои ифротгаро гаравида, зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд. Бо камтарин роҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби қувваҳои иртиҷоӣ ҳам худ ва ҳам зану фарзанди хешро ҷалб сахтаанд, ки боиси нигаронист. Маълум нест, ки ҷавонони гумроҳшудаи қувваҳои террористӣ ба кадом мақсад зану фарзанди худро ба вартаи ҳалокат мекашанд. Бо густариши фаъолияти гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъҳо ва бесуботиҳо ба амал меоянд. Дар хусуси хатари терроризм ба кишвари мо ва андешидани тадбирҳо дар робита ба пешгирии он суҳбат доштем бо Маҳбуба Камолова, корманди Маркази тадқиқоти стротегии назди Президенти кишвар. Тавре номбурда доир ба омилҳои ҳомилшавии ҷавонон ба ин […]

22.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Чаро сӯистифодаи дин василаи таҳдид шудааст?

Дин дар давраҳои гуногуни рушди инсон хусусиятҳои асосии таълимоти имонро доштаву дорад. Аммо тафаккури гурӯҳҳои ифротгарои динӣ-мазҳабӣ ва созмонҳои экстремистӣ-террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва миқёси ҷаҳон хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, ихтилофот байни динҳоро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло бошад, хусумати динӣ дар ҳолатҳои шадид дар шакли терроризм ва экстремизми байналмилалӣ рӯ задааст. Зеро аксар зӯровариҳо ва рӯйдодҳои ахир аз ҷониби тундгароёни динӣ-мазҳабӣ маҳз бо дастгирии кишварҳои низоми исломӣ ва фиреби мамолики аврупоӣ пайдо мешаванд, ки дар ниҳоят ба инфиҷори ҷомеа оварда мерасонад. Бо вуҷуди ин, агар дар як сатҳи амиқтар дарк карда шавад, хусумат ва таъсири навсо¬зии ҷомеаи исломӣ, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар асоси супориши баъзе давлатҳо амал мекунанд, ба […]

22.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон бояд омода бошанд

Оила муҳити табииву муқаррариест барои кӯдак ва тарбияе, ки кӯдак аз падару модар мегирад, тӯли тамоми зиндагии ӯ нақш мегузорад. Оғози ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, маънавиёт, меъёрҳои рафтор, умуман тамоми сифатҳое, ки минбаъд ӯро ҳамчун инсон муаррифӣ мекунанд, аз оила сарчашма мегирад. Ба рушди хусусиятҳои инсонии кӯдак муносибати падару модар ва аъзои оилааш бо кӯдак ва бо якдигар таъсир мерасонад. Иштироки аъзои оила дар ҳаёти ҷамъиятӣ, муносибати онҳо ба кор ва меҳнат кӯдакро ба зиндагӣ омода мекунад. Чи гунае ки имрӯз аъзои оилаи ӯ муносибат ба ҳаёту зиндагӣ дошта бошанд, фардо ӯ ин муносибатро муносибати муқаррарӣ меҳисобат, яъне фикр мекунад, ки бояд чунин бошад. Имрӯз тарбияи кӯдак, рушди маънавию, ҷисмонӣ, фарҳангӣ ва […]

22.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон боз аз ғамхорию меҳрубониҳои навбатии Пешвои миллат баҳравар мегарданд

20 октябри соли ҷорӣ Аҳтам Абдуллозода- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо карда аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази ҷавонон ба ноҳияи Шаҳринав ташриф овард. Зимни сафари мазкур раиси Кумита аз саҳни бино ва дохили иншоот дидан намуда, барои босифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва инчунин ободу зебо гардонидани гирду атрофи Марказ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маълум гардид, ки дар Марказ бештари корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, корҳои рангу бор ва ороишӣ бо маром идома доранд. Боиси зикр аст, бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам […]

21.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 489 490 491 492 493 565