734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати 26-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иродаи қавӣ, нерӯи матин ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти касбиатон барору комёбиҳо орзумандам. Таъсис ёфтани Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сифати сохтори алоҳидаи низомӣ дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, ҷиҳати пойдории  давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар нақши бузург ва таърихӣ бозид. Давлату Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлоли давлатӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдории мустақил эътибори аввалиндараҷа дода, барои муҳайё кардани шароити хизмативу маишии ҳайати шахсӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. […]

28.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Назарзода Ризо: Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ҷавонон

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид ва шурӯъ аз соли 1998 бо мақсади баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа 23 – май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар мавриди нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа, ҷараёни амалигардии сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар масъалаҳои марбути соҳа бо Назарзода Ризо, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате оростем, ки фишурдаи он пешкаши хонанда мегардад. – Дар оғози суҳбат мехостем ба мафҳум ё истилоҳи худи “ҷавонон” равшанӣ андозед. – Доираи мавзӯи ҷавонон хело фароху васеъ буда, дар навбати аввал ҷавонон як гурӯҳи иҷтимоию демографӣ маҳсуб […]

28.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Хайрхоҳӣ шараф аст!

Зери ин унвон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аз ҷониби волонтиёрони  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят аксияи тақсимоти маводҳои гигиенӣ ва корҳои фаҳмондадӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус миёни сокинон гузаронида шуд. Ҳадаф аз гузаронидани аксия мардумро аз ин беморӣ огоҳ кардан ва зиёд намудани малакаи онҳо оид ба пешгирии ин вобои ҷаҳонӣ мебошад. Иттилло дода шуд,ки сокинон аз ин кори хайри волонтиёрон хурсанд шуда, минатдорӣ баён намуданд.

28.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Роҳбари ҷавон дар арсаи сиёсат

Ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати ҷавонпарваронаву маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат дар ҳама самтҳо фаъолияти хубу назаррас нишон дода, то имрӯз ба комёбиҳои зиёде ноил гардидаанд. Бо заҳматҳо ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии ин қишри ояндасоз парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ борҳо баланд шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар масъалаҳо ба масъалаи тарбияву бакамолрасонии кадрҳои баландихтисосу соҳибтаҷриба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт то имрӯз тадбирҳои зиёде амалӣ кардааст. Ҷавонони бонангу номуси кишвар дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда пайи аз бар намудани илму дониш буда, ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлат бо дасту дили гарм дар рушди меҳан саҳми худро гузошта истодаанд. […]

28.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ҷайҳун

28.05.2020 10:10, ноҳияи Ҷайҳун Ҳозирини гиромӣ! Дар ҷараёни сафари қаблии мо ба ноҳияи Ҷайҳун, ки се сол пеш сурат гирифта буд, чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоии навбунёдро ба истифода супорида, доир ба вусъати бештар бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода будем. Таассуроте, ки мо имрӯз аз вазъи корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, намоишгоҳи маҳсулоти парваришкардаи деҳқонони ноҳия бардоштем, бори дигар собит менамояд, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Ҷайҳун барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона кору фаъолият карда истодаанд. Аз ободиву пешрафти имрӯзаи ноҳия дида мешавад, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум самараҳои нек дода истодаанд. Бояд гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани […]

28.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 615