734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Гузоштани санги асос барои бунёди 2 бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёна ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ оғоз бахшиданд. Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме дар масоҳати 2 ҳазору 486 метри мураббаъ сохта мешаванд ва онҳо ба ободии ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат зебогии дигар зам менамоянд. Дар ошёнаҳои якуми биноҳои истиқоматӣ 5 ҳуҷра, аз ҷумла 4 хонаи 2 ҳуҷрадор, 1 ҳуҷрадор, ҳуҷраи посбон ва 1 адад лифт ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаҳои болоӣ ҳар қабат аз 4 хонаи 2 ҳуҷрадор, […]

13.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Муроҷиатномаи ҷавонони Тоҷикистон ба ТТЭ Ҳизби наҳзат ва ҳаммаслакони онҳо

Ташкилоти террористӣ экстремистии Ҳизби наҳзат бо ном дар либоси поки дини мубини Ислом бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои –ғаразноки ҳаммаслакон ва иҷрои саривақтии супориши хоҷагони хеш тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, пас аз ин ҳама  хиёнату кирдорҳои зишт, амалҳои сахту сангин барои миллат  ва доғ овардан ба обрӯи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дубора мехоҳанд аз минбарҳои созмонҳои бунуфӯз, ки онҳо аз кидроҳои ӯ ва ҳаммаслаконаш огоҳӣ надоранд худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сафед намояд.          Ҳизби наҳзат бо роҳбарии хиёнаткор ва миллатфуруш Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд бо риёкориву сохтакориҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ пардаи сиёҳро ба либоси сафед табдил дода, дар назди созмонҳои хориҷӣ худро  бечораву бегуноҳ ва ҳамзамон рақиби сиёсии Ҳукумати […]

13.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Рӯи сиёҳи Кабириро ҳеҷ собуне намешӯяд

Дар деҳаамон мӯйсафеде буд ва ҳар гапу коре боиси тааҷҷубаш мегашт, ҳамон лаҳза мегуфт: «Бобо намурд, дар ин зиндагӣ ҳамаи балоро дид». Чун ҷавонтар будам, ба умқи ин сухан намерасидам. Ҳикмати баландашро тадриҷан дарк карда истодаам. Чанд моҳе пеш Кабирӣ бо истифодаи таҷрибаи пирони наҳзатиаш ва роҳнамоии хоҷагони маънавиаш мехост боз ҷамъе равшанфикрони тоҷики дар хориҷ қарордоштаро бо баҳои чанд динору риёли барояш додаи дигарон бихараду мисли солҳои 90-ум қурбонии нақшаҳои ҳизби террористиаш созад. Аммо тираш хок хӯрд. Ҷамъомаде, ки гирд овард, амалан ба ҷаласаи хонаводагиаш табдил ёфт. Пеши онҳое, ки кафолати сохтани ИНОТ-и навро барояшон дода буд, шарманда шуду назди кишвари маълуме, ки ин ҳама маблағро барои ин маърака […]

13.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

12 сентябри соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардаи ин иншооти тандурустӣ шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин […]

12.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоту вохӯриҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар

Бахшида ба ҷашни 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқоту вохуриҳои судмандро доир намуданд. Мулоқоту вохӯриҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо донишҷӯёни зинаи аввал бештар ҷалб гардиданд.    

11.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 391 392 393 394 395 738