734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Ифтитоҳи бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

12 сентябр дар маркази шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири хизмат ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд. Бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз синфхона бо 120 ҷойи нишаст, хобгоҳи сарбозон бо 300 ҷой, ошхона бо 150 ҷой, хонаи дидорбинии сарбозон бо хешовандон, ҳаммом, толору майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҳуҷраҳои корию хизматӣ иборат […]

13.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти “Бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ” иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1.0 гектар дар маркази вилоят сохта шуда, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ошёнаҳои аз 1 то 7-уми бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсатҳои мақомоти шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, идораву ташкилотҳои давлатии шаҳрӣ, толори калони маҷлис бо 400 ҷой, ошхона бо 140 ҷой ва ғайра ҷойгир карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, иншооти муосир дорои 150 ҳуҷра бо […]

13.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи меҳмони олиқадр, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳр меҳмони олиқадрро сокинони касбу кори гуногун, хонандагону донишҷуён бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

13.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

АМАЛҲОИ ПАЙДАРПАЙ  ВА МАНТИҚАН ХАТОИ СИЁСИИ ТЭТ ҲНИ ВА ҲАМАСЛАКОНАШ ДАР ВАРШАВА

Даҳсолаи аввали асри ХХI бо тамоми хатарҳои сатҳи умумиҷаҳонии худ ба ҷони инсонҳо ва вазъи кунунии сайёра таъсири зиёде расонидааст. Дар баробари зиёд будани хатарҳои рузафзуни умумисайёравӣ ва минтақавӣ яке аз он хатарҳое, ки таъсири он дар асри навин  ба ҷони инсонҳо ва рушди мафкураи инсонӣ монеъ мешавад ин амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад. Ба муносибати таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ ташкили чорабинӣ ва миёни чор гурӯҳ  ТЭТ ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз номи миллати тоҷик бастани “Паймони миллии Тоҷикистон” ва иштироку суханрони намудани роҳбарон, аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ҷумла  М. Кабирӣ ва ҳамаслаконаш дар конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи […]

13.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

12.09.2018, ноҳияи Роштқалъа Ҳамватанони гиромӣ! Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва аз файзу баракати суботи комили сиёсӣ рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъмин гардида, дар ҳар як гӯшаву канори Ватани маҳбубамон корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат гирифта истодаанд. Хусусан, солҳои охир тавассути дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат, саъю талоши аҳлонаи сокинони кишварамон ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаи соҳибкорони бонангу номус дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи зебои Роштқалъа — зодгоҳи шоирони ширинкалом Мирсаид Миршакар, Ширин Бунёд ва дигар чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба мушоҳида мерасанд. Бо истифода аз фурсат, ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳия ва шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатӣ-дастоварди бузургу муқаддаси миллати бостониамон самимона […]

13.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 390 391 392 393 394 738