734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Ашқобод-2017: 4 медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи сеюм

АШҚОБОД. 2017, 18 сентябр Дар рӯзи сеюми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик, инчунин сазовори 4 медали биринҷӣ гардиданд. Имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намуди гуштини анъанавӣ, тарзи классикӣ идома ёфт. Варзишгарони тоҷик Ёриев Ҳасан (-82 кг), Маматқулов Абдураҳмон (-100 кг), Миров Маҳмад (+100 кг) ва Эрназаров Самандар (+100 кг) медалҳои биринҷии бозиҳоро ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон ва Самандар дар тарзи озод низ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Баъд аз натиҷагирии 3 рӯзи мусобиқот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад. Кишвари мизбон – Туркманистон бо 62 […]

18.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ашқобод-2017: Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо президенти Шӯрои олимпии Осиё

АШҚОБОД. 2017, 19 сентябр Дар доираи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Аҳмад Ал-Сабоҳ мулоқот кард. Дар мулоқот нахуст ҷараёни иҷрои масъалаҳое, ки зимни сафари Президенти Шӯрои олимпии Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуда буданд, муҳокима гардид. Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи барномаҳои Шӯрои олимпии Осиё ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. – Давоми 9 моҳи […]

18.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ширкат мекунанд

АШҚОБОД. 2017, 17 сентябр Имрӯз – 17 сентябр – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ озими Ҷумҳурии Туркманистон гардиданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидо ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов […]

17.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ашқобод-2017: Ғалабаи Сиёвуш дар даври аввал

АШҚОБОД. 2017, 16 сентябр Дар рӯзи дуюми 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ мусобиқот оид ба муайтай идома ёфт. Дар ин намуд варзишгарон дар вазнҳои -60 ва -81 кг рақобат карданд. Варзишгари тоҷик Сиёвуш Забиров дар вазни -81 кг ба ринг баромада, ҳарифаш Муҳаммад Салама аз Урдунро бо ҳисоби 29:27 мағлуб кард. Ҳарифи Сиёвуш дар даври чорякфинал Ҳошим Маҷиди эронӣ мебошад. Ин ҳарб 19 сентябр доир мегардад. Мусобиқот оид ба муайтай фардо 18 сентябр идома меёбад. Варзишгарони тоҷик Манучеҳри Назривалӣ дар вазни -54 кг бо Елазан Замирбеков аз Қирғизистон ва Саъдӣ Шарипов дар вазни -57 кг бо Чотичанин Кокрашай аз Тайланд рақобат мекунанд.

16.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

Бошукӯҳтарин чорабинии варзишии “Соли ҷавонон” анҷом ёфт

10 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе даври сеюм ва ҷамъбастии бошукӯҳтарин ҷорабинии варзишии сол – Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки аз рӯзи 8-уми сентябр оғоз гардида, ба 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва “Соли ҷавонон” бахшида шуда буд, доир гардид. Фестивали мазкур варзишгарону мутасадиёни соҳаи варзишро аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба ҳам оварда буд. Зимни баргузории он Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагон аз Ҳукумати шаҳри Душанбе, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ низ иштирок доштанд. Дар оғози фестивал намояндагони минтақаҳои ВМКБ, Кӯлоб, Зарафшон, Ҳисор ва Рашт таҳти савту […]

13.09.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 389 390 391 392 393 566