734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арафаи таҷлили ҷашни бошукуҳи миллӣ – Наврӯзи аҷам дар шаҳри Турсунзода меҳмонии ҷавонони кишвар дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Дар меҳмонии мазкур, ҷавонони фаъоли шаҳру навоҳии кишвар,  адибону нависандагони ҷавон,  ҳунармандону сарояндагон  ва  олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд.  

26.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар тантанаҳои идона дар Наврӯзгоҳи пойтахт

25 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи наврӯзӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омаданд. Дар маҳалли баргузории […]

26.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

АЁДАТ ВА КӮМАКИ МОДДӢ БА ҶАВОНОНИ ЯТИМУ КАМБИЗОАТ ВА ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ

20 марти соли 2018 аз ҷониби  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба 15 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд, камбизоат, ятиму бепарастор ва ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Б.Ғафуров аёдат ва кӯмаки моддии яквақтаина расонида шуд. Иқдоми мазкур дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз чун суннати неки ниёгон  анҷом дода шуд.                    

26.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ

23.03.2018 19:33, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом доданд. Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра Созмони Милали Мутттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рузмарраи СММ ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд. Зимни мусоoҳиба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут […]

24.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

23.03.2018 04:23, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд. Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анҷоми муваффақонаи муколамаи нахустин бахшида ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” қаноатмандию нишоти худро иброз доштанд. Сарвари давлат муҳтарам […]

24.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 386 387 388 389 390 615